Дар Мурмански Русия, дирӯз мурофиаи Абдураҳим Бобомуродов, шаҳрванди Тоҷикистон ба охир расид. Суд ӯро ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Пештар, нисбати ӯ айбдоркунандаи давлатӣ аз суд 9 соли маҳкум ба зиндон талаб карда буд.
Дар ин бора, дар саҳифаи фейсбукиаш Дагир Хасавов, вакили дифоъи Абдураҳим Бобомуродов хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки Абдураҳим Бобомуродов аз ҷониби кормандони амниятӣ як сол қабл боздошт шуда буд. Дар боздоштгоҳ ӯро мақомоти амниятии Русия ба хотири иқрори ҷиноят шиканҷа мекунанд ва дар натиҷаи шиканҷаи даҳшатнок, Бобомуродов шаҳодати «эътироф» -ро имзо мекунад.
Тавре манбаъ қайд кардааст, Абдураҳим Бобомуродов падари серфарзанд буда, бо дарки вазъияти шахси серфарзанд, дар соли 2016 ӯ ба Тоҷикистон барои табобати як оилаи серфарзанд, ҳамчун садақа 5000 рубли русӣ пул фиристодааст.
Мақомоти судӣ ва айбдоркунӣ ин амали ӯро маблағгузорӣ ва кӯмак ба терроризм, бо ишора ба «эътирофи шахсӣ» тарҷеҳ додаанд.
Дагир Хасавов, вакили дифоъи айбдоршуда, қаблан қайд карда буд, ки судшаванда дар мурофиаи судӣ шахси шиканҷакардаро шинохтааст ва ба суд изҳор намудааст, ки ҳама эътирофоташ дар натиҷаи шиканҷаи ҳамин шахсон гирифта шудааст. Аммо суд ин нишондоди ӯро ба инобат нагирифтааст.
Бино ба маълумоти вакили дифоъ тибқи талаботи моддаи 205.1-и Кодекси ҷиноии ФР ӯро бидуни эътирофи воқеъии ҷиноят ба 6 соли зиндон маҳкум карданд.
“Ман фикр мекунам ки ӯ бегуноҳ аст ва эътирофи содири ҷиноятро зери шиканҷа имзо кардааст ва ин маънои онро дорад, ки мо ҳоло метавонем ба ниҳодҳои болоӣ шикоят кунем. Мо ба Раёсати оид ба масъалаҳои ҳарбии Суди Олӣ ва сипас ба Суди Аврупо шикоят хоҳем кард. Ман боварӣ дорам, ки имконияти бузурги собит кардани бегуноҳиро дорем. Ҳатман то ба озодӣ баромаданаш иншоаллоҳ мубориза хоҳем бурд” — таъкид намудааст Дагир Хасавов.
Согласно санкции статьи 205.1 УК РФ,низший придел предусмотренного наказания 5-ть лет лишения свободы,максимальный был…
Posted by on
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

