Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИрон аз Русия 40 ҳавопаймои мусофирбар мехарад

Ирон аз Русия 40 ҳавопаймои мусофирбар мехарад

Ду ширкати эронӣ бо имзои қарордоде дар намоишгоҳ ҳавоии Авруосиё дар Анталиёи Туркия суфориши хариди чиҳил фарванд ҳавопаймои мусофирбари Сухой-100 аз Русияро доданд.

Ширкатҳои ҳавопаймоии “Осмон” ва “Эрон Эйр Тур” ва мақомоти вазорати ҳамлу нақли Русия дар намоишгоҳи ҳавоии Авруосиё 2018 дар Анталиё шартномаи хариди 40 фарванд ҳавопаймои мусофирбари русии Сухой-100-ро имзо карданд.

Ба иттилои хабаргузории ИСНО, тибқи ин қарордод ҳар кадом аз ширкатҳои эронӣ 20 фарванд аз ҳавопаймоҳои русиро ба новгони ҳамлу нақли худ хоҳанд афзуд.

Арзиши қарордод байни «Эрон Эйр Тур» ва вазорати санъат, маъдан ва тиҷорати Русия, ҳудуди як миллиард доллар баровард шудааст.

Ҳамчунин 20 фарванд ҳавопаймои суфоришдодашуда аз сӯи ширкати ҳавопаймоии “Осмон”-и Эрон ба созандагони русӣ модели Сухой RRG95R эълом шудааст.

Гуфтанӣ аст, ширкати Эрон Эйр пас аз тавофуқи БАРҶОМ, қарордоди хариди 200 ҳавопаймо бо тавлидкунандгоне аз қабили Боинг имзо кард, аммо ба далели бархе маҳдудиятҳо монанди мамониъати Амрико ва адами таъмини молиявӣ, ин ҳавопаймоҳо ба Эрон ворид нашуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular