Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲизби ҳокими Арманистон ба мақоми сарвазирӣ номзад пешниҳод намекунад

Ҳизби ҳокими Арманистон ба мақоми сарвазирӣ номзад пешниҳод намекунад

То ба имрӯз тазоҳуротҳои осоишта дар шаҳрҳои бузурги Арманистон идома дорад. Дирӯз 28 апрел ҳизби ҳокими Арманистон эълом кард, ки ба хотири фурӯ нишондани бӯҳрони сиёсӣ номзадеро ба мақоми сарвазирӣ дар интихоботи дохили парлумонии 1 май пешниҳод нахоҳад кард.

Вакилони мардумии Арманистон рӯзи 1-уми май сарвазири ин кишварро интихоб хоҳанд кард.  Никол Пашиниён, роҳбари мухолифони ҳукумати Арманистон  номзадии худро ба мақоми сарвазирӣ пешниҳод кардааст.

Эдуард Шармазанов, сухангӯи ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳони Арманистон ба расонаҳо гуфтааст, эҳтимол меравад, вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба ҷойи пешниҳоди номзад, дигар номзадҳоро баррасӣ карда, якҷоя ба ӯ раъй хоҳанд дод.

Ҳизби ҳокими Ҷумҳурихоҳ дар порлумони дорои 105 курсӣ дар Арманистон, 58 вакил дорад ва бе тарафдории ин вакилон Пашиниён шанси нахуствазир шудан надорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular