Авввалин бор дар таърихи Британияи Кабир мусалмонтабори покистониасл Соҷид Ҷовид, вазири корҳои дохилии ин кишвар таъин гардид.
Дар ин бора расонаҳои ҷаҳонӣ иттилоъ додаанд.
Ҷовид аз ин пеш вазири кор бо минтақаҳо ва худидоракунии маҳаллӣ буд.
Ӯ дар ин вазифа ба ҷои Эмбер Радд таъин шудааст. Сабаби барканории Эмбер Радд дар хабарҳо зикр наёфтааст. Аммо чанде пеш нисбати сиёсати нодурусташ дар бораи муҳоҷиратро вакилони парлумони Бритониё ба баҳс кашида буданд.
Соҷид Ҷовид 5 декабри соли 1969 дар Покистон таваллуд ёфтааст.. Вақте ки Соҷид чор-сола буд, падараш ба Британия ҳиҷрат мекунад. Ӯ риштаи иқтисодиёт ва сиёсати Донишгоҳи Экситерро соли 1991 хатм кардааст.
Баъд аз хатми мактаб, қариб 20 сол ба соҳибкорӣ дар бахши бонкӣ машғул мешавад.
Аввалин бор ба сиёсат ҳамчун вакили парлумон ворид мешавад. Дар интихоботи парлумонии соли 2010 ба ҳайси номзад аз ҳизби консервативӣ дар ҳавзаи Bromsgrove (Worcestershire) пешбарӣ шуда, бо орои 43,7%, дар интихобот баранда мешавад.
30 апрели соли 2018 ба вазифаи Вазири корҳои дохилии Британияи Кабир таъин мегардад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

