Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВокунишҳо ба асардуздӣ дар кишварҳои мухталиф ва Тоҷикистон

Вокунишҳо ба асардуздӣ дар кишварҳои мухталиф ва Тоҷикистон

Дар соли 2012 Президенти Маҷористон муттаҳам ба он шуд, ки мадраки дуктурояш “нусхабардорӣ” аз дигарон аст ва ба завобити илмӣ ва ахлоқӣ мутобиқ нест. Ин масъала сарусадоҳои зиёдеро дар ин кишвар ба вуҷуд овард, то ҷое, ки донишгоҳи Семелвейз эълон кард, ки мадраки ӯро пас гирифтааст.

“Дар пай сирқати илмӣ алайҳи Пол Шмит, раиси ҷумуҳрии Маҷористон, Донишгоҳи Семелвейз дар Будопешт эълом кардааст, ки ин донишгоҳ мадраки дуктурои оқои ”, навишта буд BBC-и тоҷикӣ.

Дар паи ин ҳодиса ҳатто мухолифон истеъфои Президент Шмитро ҳам талаб карданд. Ҳамин тавр чанде пештар масъалаи мадраки докторӣ гиребонгири яке аз сиёсатмадорони маҳбуби кишвари Олмон ҳам шуд. Вазири дифоъи собиқи ин кишвар Теодор Зу Гутентерг ба хотири ҳамин масала ба истеъфо рафт. Бо вуҷуди он ки дар ин кишвар аз маҳбубияти фаровоне бархӯрдор буд, рафтанро бар мондан тарҷеҳ дод ва пеш аз он ки ӯро барканор кунанд худаш канор рафт.  

Ҳамчунин масъалаи мадраки доктории Ҳасани Рӯҳонӣ ҳам дар замони интихоботи ин кишвар ҷанҷол офарида буд. Ҳатто ҷаноҳи усулгаро ва рақиби Ҳасани Рӯҳонӣ ин масъаларо то донишгоҳи Глазго кашонданд. Вале ин донишгоҳ дар номае ба ин сару садоҳо нукта гузошт ва мадраки ӯро таъйид кард.

Қаблан замони раисҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод ҳам вазири дохилаи ҳукумати ӯ Муҳаммад Курдон низ муттаҳам ба ҷаъли мадрак шуда буд. Он замон агарчӣ Аҳмадинажод эълон кард аз ӯ бо тамоми вуҷуд ҳимоят мекунад, аммо парлумони Ирон Курдонро аз мақомаш барканор кард.

Тамоми ин тақаллубкорон аз мақомашон ё истеъфо доданд ё барканор шуданд. Аммо дар Тоҷикистони то ҳол на танҳо касе ҳарфе аз истеъфо назадааст, балки мақомоти иҷроияву тафтишотӣ низ ҳеҷ вокунише ба фошкориҳои Диссернет накардаанд.

Расонаҳои давлатӣ ин фошкориҳоро дасиса ва фитна алайҳи давлат номиданд, аммо зоҳирна худи “донишмандон” иттиҳомоти Диссернетро қаблу доранд, ки  на аз донишгоҳҳо талаби таъйиди мадрак кардаанд ва на Диссернетро такзиб.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular