Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ бо иттиҳоми сохтакории аснод ҷарима шуданд

Бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ бо иттиҳоми сохтакории аснод ҷарима шуданд

Додгоҳҳои Тоҷикистон бар асоси гузориши идораи бозрасии Бонки миллии ин кишвар тайи 3 моҳи аввали соли 2018 роҳбарони чанд бонк ва чор муассисаи молию ташкилотҳои қарздиҳиро ба иттиҳоми сохтакории аснод ва ароаи иттилооти дурӯғ ба пардохти ҷарима маҳкум кардаанд.

Дар ин гузориш бидуни ишора ба номи ин бонку муассисаҳои молӣ ва ташкилотҳои қарздиҳӣ маблағи ҷаримаи онон 13 ҳазор сомонӣ эълом шудааст. Ҳамчунин роҳбарони 3 бонк ва як ташкилоти қарздиҳии дигари Тоҷикистон ба иттиҳоми анҷоми муомилоти ғайриқонунинӣ ва пинҳон кардани маълумот ба пардохти 90 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шудаанд.

Тавре хабаргузории АзияПлюс иттилоъ додааст, ба мудирони ин ташкилотҳои қарздиҳӣ ва бонкҳо дастур дода шудааст, ки ба кормандони худ хатароти анҷоми муомилоти ғайриқонунӣ, пинҳон намудани маълумот ва сохтакориро дар ҳуҷҷатгузорӣ бифаҳмонанд,  зеро такрори ин навъ иқдомот метавонад мӯҷиби истифодаи гурӯҳҳои ифротӣ аз манобеи молии бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон шавад.

Гуфта мешавад, тайи соли 2017 идораи бозрасии Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти молии 8 бонк ва 7 ташкилоти қарзиро баррасӣ ва ин марокизи молиро ба далели тахаллуфот ба маблағи 1 миллиону 525 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. Дар натиҷаи ин бозрасиҳо иҷозатномаи фаъолияти ду ташкилоти қарзӣ низ аз сӯйи Бонки миллии Тоҷикистон лағв шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular