Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, ки дар нишасти САҲА дар Варшава ҳузур дорад, ширкаткунандагони ин нишастро тамошобинони телевизионҳои Тоҷикистон пиндоштааст.
Дар ҳоле, ки дар ин нишаст даҳҳо намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ҳузур доранд ва бештари онҳо аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон тадқиқи мустақим бурдаву огоҳии комил пайдо кардаанд, Ализода даъво мекунад, ки ҳеҷ ҳуқуқе аз ҳеҷ инсоне дар Тоҷикистон поймол намешавад ва ҳатто шиканҷаву бемории маҳбусонеро, ки вазъашон борҳо собит ва расонаӣ шуда буд, бидуни сурхшавӣ инкор мекунад.
Дар бораи маҳбусони сиёсӣ (ки аз қазо будани онҳоро ҳам Ализода инкор мекунад) гуфт: “Мехоҳам дар бораи саломатии маҳкумшудагони ҲНИТ гӯям. Вазъи онҳо бисёр хуб аст. Сайфуллозода ҳақиқатан бемор аст, мо инро медонем ва айни ҳол дар беморхона қарор дорад. Дигаронро бошад хонаводаашон пайваста ба дидани онщо мераванд ва онҳо мушкил надоранд”.