Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, муассиси Созмони “ИНДЕМ” ва сармуҳаррири пойгоҳи Тоҷнюс дар саҳифаи фейсбукии худ эълом кард, ки пойгоҳи Тоҷнюс баъди таътили дусола, ба кори худ шурӯъ хоҳад кард.
Шакли пуррааи эъломи фаъолшавии Тоҷнюсро дар зер бихонед:
“12 соати Озодии баён барои Тоҷикистон”
Хонандаи гиромӣ! Бо дуруд ва меҳр хидмати шумо арз кунем, ки пойгоҳи Тоҷнюс тасмим гирифт баъд аз таътили иҷбории 18 –моҳа дубора дар хидмати мардум бошад. Пагоҳ, санаи 3 юми май-Рӯзи ҷаҳонии Озодии баён.
Бо роҳандозии ин тарҳ, ки шояд дар таърихи журнализми Тоҷикистон назир надорад, мо мехоҳем:
1) Ба Озодии баён, ки Сарқонуни Тоҷикистон кафолат додааст, вале дар кишвар ҳудуди ду сол боз таъмин нест, арҷ гузорем;
2) Эҳтироми хонандаи ҳушманд, ҳамкасбони содиқ ба арзишҳои рӯзноманигорӣ ва руҳи шаҳидони ин роҳи пур аз нишебу фарозиҳоро ба ҷо биёрем;
3) Ба истифодабарандаҳои гиромии пойгоҳи Тоҷнюс, хонандагону мухлисони нашрияи “Нигоҳ”, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҷаҳониён ҳақиқати барҳам задани расонаҳои созмони “ИНДЕМ” рушан кунем;
4) Таваҷҷуҳи фаъолони сиёсиву ҷамъиятии кишвар, ҳизбу гуруҳҳои сиёсӣ ва ҳукумати феълии кишварро ба вазъи таассуфовари қонунмандӣ дар кишвар ҷалб созем.
Дар тули ин 12 соат мо вазъи баён дар кишвар ва ҷанбаҳои гуногуни онро аз нигоҳу худу коршиносони ватаниву хориҷӣ бо ҳам озод хоҳем кард.
Ба тамоми онҳое, ки бо сабаби ҷорӣ будани ё дар муҳити расонаии Тоҷикистон имкони расонидани мавқеъ ё назарҳояшонро чанд муддат боз надоштанд, озод фароҳам меорем.
Ҳар ду соат ҷузъиёти барҳамзании “Нигоҳ”-ро бо пешниҳоди аснод бо тавзеҳи Дустов қисса мекунем.
Дар куҷо ва ба чӣ корҳо машғул будани аҳли эҷоди Тоҷнюс ва “Нигоҳ” — аз забони худи онҳо мешунавему мехонем.
Аз саҳфаву гӯшаҳои “Нигоҳ”, назири “Мангар ки кӣ мегӯяд…”, “Тахтаи сиёҳ”, “Ман қабул надорам!”, “Суоли боб”, “Мирзодиккак ва Ғалтак” ва ғ.ҳ. ёд мекунем ва
соати 20.00 коршиноси даъватшуда, доктори илмҳои фалсафа, ҷомеашинос ва фаъоли ҷамъиятӣ Ҳафиз Бобоёров иқдомро ҷамъбаст мекунад.
Иртибот бо мо тавассути паёмрасонҳои Ватсапп, Телегромм ва Сигнал имкон дорад.
Ҳамчунин роёномаҳои (емайл) худро метавонед ба ин суроға равон намоед: seddoost@gmail.com
Бо умеди хонаободӣ ва озодии так таки Шумо азизон,
ношир Саймуддин Дӯстов
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

