Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет«Ҳадаф, нобудии ҷомеъаи мусулмонони ароконӣ аст»

«Ҳадаф, нобудии ҷомеъаи мусулмонони ароконӣ аст»

Раиси Созмони миллии Арокон-Роҳиниё бо баёни ин ки ҳамалот алайҳи мусулмонон дар Арокон идома дорад гуфт, ки нобудии ҷомеаи мусулмонон ҳадафи ин ҳамалот аст.

Нурулислом, раиси Созмони миллии Арокон-Роҳиниё (ARNO) дар «конфронси байналмилалии Арокон», ки дар шаҳри Кёлни Олмон баргузор шуд, бо ишора ба идомаи озори мусулмонони ароконӣ гуфт, ки ҳадафи давлати Миёнмор нобудии ҷомеаи мусулмонони ароконӣ аст.

Вай афзуд: «Ақвоми арокониро душмани ҳамдигар карданд. Дар ҳоли ҳозир дар талош ҳастанд, ки мардуми моро нобуд кунанд. Қавонинро ба нафъи худ тафсир мекунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари ин масъала хомӯш аст».

Раиси ин созмони ароконӣ бо баёни ин ки ҳайвонот низ ҳақи интиқол аз як ҷо ба ҷой дигарро доранд, афзуд: «мо мусулмонон ҳақи рафтан аз ҷой ба ҷойи дигарро надорем. Ҳатто ҳақи ҳаёт низ аз мо дареғ мешавад».

Камол Аргун, раиси Созмони ҷомеаи исломии миллии Гӯрваш (IGMG) низ дар ин конфронс гуфт: «тамоми мусаббибони ин ҳодиса, ки ҳатто алайҳи занон ва кӯдакон аз ҳеҷ гуна ҷинояте фурӯгузор накардаанд, боястӣ ба сазои аъмоли худ бирасанд».

Вай афзуд: «вақти ахборе дар мавриди гӯрҳои дастаҷамъӣ ва ба мошин бастани мардум мешуавем, набояд аксуламали мо маҳдуд ба вокунишҳои сатҳӣ бошад».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular