Sunday, March 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМинбаъд президент ва хонаводаашро дар маросиму вохӯриҳо хадамоти махсус назорат мекунад

Минбаъд президент ва хонаводаашро дар маросиму вохӯриҳо хадамоти махсус назорат мекунад

Минбаъд дар Тоҷикистон нишасту вохуриҳо ва таҷлилҳое, ки бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли хонаводааш мегузарад,  хадамоти махсус  назорат хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон хадамоти протоколии президент ташкил гардид, ки он таъминоти маросимҳо бо ширкати раисҷумҳур ва аҳли хонаводаашро дар дохили кишвар ва хориҷ назорат хоҳад кард.

Хадамоти протоколии президент дар маросимҳое, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, ё ниҳодҳои мушовараи вобаста ба президент бо фармоиши ӯ баргузор мекунанд,  ширкат хоҳад кард.

Дар ин бора ТоҷикТа хабар дода мегӯяд,  Хадамот бахши сохтории дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буда  танҳо ба Эмомалӣ Раҳмон ва духтараш Озода раҳмон гузоришдиҳанда хоҳад буд. Дахолати соири ниҳодҳои ҳукумати давлатӣ, ё ашхоси соҳибмақом ба фаъолияти ин хадамот мамнӯъ мебошад.

Сохтори хадамот аз раис, муовинони ӯ, бахши ташрифотии президент, бахши қабули намояндагону меҳмонон, маросимҳо ва бахши интиқолӣ иборат аст.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular