Saturday, March 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНоҳияи Кӯҳистони вилояти Бадахшони Афғонистон ба тасарруфи Толибон даромад

Ноҳияи Кӯҳистони вилояти Бадахшони Афғонистон ба тасарруфи Толибон даромад

Сухангӯи полиси вилояти Бадахшони Афғонистон аз тасарруфи шаҳристони Кӯҳистон тавассути Толибон ва ақибнишинии нерӯҳои амниятӣ аз ин минтақа хабар дод.

Саноуллоҳ Рӯҳонӣ, сухангӯи полиси вилояти Бадахшони Афғонистон зимни эъломи хабари ҳамлаи Толибон ба шаҳристони Кӯҳистон дар ин вилоят эълом кард, ки алорағми муқовамати чандсоата, нерӯҳои давлатӣ маҷбур ба ақибнишинӣ аз ин минтақа шудаанд.

Вай афзуд «идороти давлатӣ дар минтақаи Кӯҳистон ба контроли ин шибҳинизомиён даромада, аммо аз сӯи дигар амалиёти бозпасгирии ин минтақа аз дасти гурӯҳи Толибон оғоз шудааст».

Абдуллоҳ Ноҷӣ Назарӣ, намояндаи Шӯрои Бадахшон низ эълом кард, ки дар ин ҳамла 5 муҳофиз кушта шудаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон низ эълом кард, ки шибҳинизомиёни ин гурӯҳ контроли тамоми идороти давлатӣ дар Кӯҳистонро ба даст гирифта ва дар даргириҳои суратгирифта 11 нерӯҳои амниятиро куштаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular