Friday, January 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҒорати мусофирони тоҷик аз тарафи намояндагони ширкати ҳавопаймоии тоҷик дар Домодедово (Видео)

Ғорати мусофирони тоҷик аз тарафи намояндагони ширкати ҳавопаймоии тоҷик дар Домодедово (Видео)

Дар шабакаи интернет наворе пайдо шудааст, ки аз тарафи як мусофири тоҷик сабт шуда, аз ғорати мусофирон дар фурӯдгоҳи Домодедовои Маскав аз тарафи намояндагони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ҳикоя мекунад.

Маълум нест онҳо намояндагони “Сомонэйр” ҳастанд ё “Тоҷикэйр”, дар сабт нишони ба гардан овехтаи онҳо хонда намешавад. Ин намояндагон, ки аз се нафар иборатанд, аз мусофирон барои бағоҷи дастӣ пул меситонанд.

Сабткунандаи видео мегӯяд онҳо мусофиронро ба як тараф мебаранд ва аз онҳо барои бағоҷи дасти пул мегиранд. Як нафар аз ин намояндагонро нишон медиҳад ва мегӯяд, ки сардорашон ҳамин аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular