Tuesday, October 21, 2025
ADS
HomeПаём нетСе шаҳрванди Тоҷикистон имрӯз аз дасти пулиси рус кушта шуданд

Се шаҳрванди Тоҷикистон имрӯз аз дасти пулиси рус кушта шуданд

Бо иттилои расонаҳои русӣ панҷ шаҳрванди Тоҷикистон гӯё ба ду посгоҳи БДА-и дар вилояти  Маскав ҳуҷум кардаанд, ки дар натиҷаи тирпарронӣ бо пулис 3 нафари онҳо кушта ва як нафар маҷрӯҳ шудааст ва нафари дигар фирор кардааст.

Қабл аз зӯҳр гӯё ду тоҷики мусаллаҳ бо табар ва силоҳи  оташфишон ба посгоҳи БДА дар Балашиха ҳуҷум мекунанд ва ду пулисро маҷрӯҳ мекунанд. Яке аз ҳуҷумкунандаҳо дар ҷои ҳодиса кушта мешавад, нафари дигарро, ки фирор мекунад гӯё пулиси маҷрӯҳи рус дарёб намуда ба қатл мерасонад.

Соати 14-и баъди зӯҳр ҳангоми тафтиши мошинашон гӯё се шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба пулис дармеафтанд ва мехоҳанд таппончаи онҳоро соҳиб шаванд. Як нафари онҳо кушта мешавад, як нафар маҷрӯҳ мегардад ва як нафари дигар таппончаи пулисро соҳиб шуда, он пулисро захмдор мекунад ва аз ҷои ҳодиса мегурезад. Барои боздошти ӯ амалиёти “Сирена” эълон шудааст.

Дар хабарҳое, ки расонаҳои русӣ ироа кардаанд, номутобиқатии зиёд ба назар мерасад, ки воқеъияти ҳуҷуми тоҷикон ба посгоҳро зери шубҳа мебарад.

Аюб Эгамов, коршиноси тоҷики муқими Аврупо тахмин мезанад, ки пулиси Маскав қасдан ё аз рӯи беэҳтиётӣ куштори аввалро анҷом додааст ва куштори дуввум бо гумони ғолиб аз байн бурдани шоҳидон ё пайвандони кушташудагон аст.

Иттилои бештар нашр хоҳад шуд.

 

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?