Friday, March 6, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазири дохилии Туркия: истифодакунандагон аз ҳаштеги «тамом»ва «хаста шудем»алайҳи Урдуғон таҳти таъқиб...

Вазири дохилии Туркия: истифодакунандагон аз ҳаштеги «тамом»ва «хаста шудем»алайҳи Урдуғон таҳти таъқиб қарор хоҳанд гирифт

Сулаймон Сойлу вазири кишвари Туркия дар ҷаласаи «таъмини амнияти интихобот» бо ишора ба истифодаи мухолифон аз ҳаштеги «тамом» ва «хаста шудем» алайҳи Урдуғон эълом кард, ки дастуроти лозим барои боздошти ширкаткунандагони дар ин кампин содир шудааст.

Сойлу эълом кард: ба манзури таъмини амнияти интихобот дар ҳавзаи диҷитол ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тадобири лозим дар назар гирифта шудааст, то аз фитнаангезӣ ва таблиғоти сиёсии гурӯҳҳои террористӣ ҷилавгирӣ шавад ва дастуроти лозим барои боздошти мутахаллифони сайберӣ содир шудааст. Ҳамчунин бо касоне, ки дар кампини ҳаштеги «тамом» ва «хаста шудем» алайҳи Раҷаб Таййиб Урдуғон раисҷумҳури Туркия ширкат кардаанд, ба шиддат бархӯрд хоҳад шуд.

Гуфтанӣ аст, изҳороти Раҷаб Таййиб Урдуғон раисҷумҳури Туркия ва номзади интихоботи 24 июни риёсатҷумҳурӣ мабнӣ бар ин ки «агар мардум бигӯянд «тамом» канор хоҳам рафт” бо вокуниши мардуми Туркия мувоҷеҳ шудааст. Ба тавре, ки мардуми Туркия дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар бо ҳамли плакатҳои «тамом» ба роҳпаймоӣ пардохтанд ва дар шабакаҳои маҷозӣ мавҷи густурдае бо ҳаштеги TAMAM ба роҳ андохтаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular