Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетНамоишгоҳи Белорус дар Душанбе ифтитоҳ гардид

Намоишгоҳи Белорус дар Душанбе ифтитоҳ гардид

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Александр Лукашенко, ҳамтои белорусии ӯ имрӯз, 16 май намоишгоҳи Белорус дар Душанберо ифтитоҳ карданд. Ин намоишгоҳ дар ҳошияи сафари Лукашенко ба Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ҳудуди 150 ширкатҳои маъруфи Белорус дар намоишгоҳ маҳсулоти худро ба намоиш гузоштаанд: маҳсулоти сохтмонӣ, молҳои электротехникӣ, кимиёӣ, доруворӣ, нуриҳои минералӣ, техникаи хона, молҳои саноатҳои ғизоӣ, сабук, мебелӣ, коркарди чӯб, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва ғайра.

Аз Белорус ба Тоҷикистон асосан мошинҳои боркашон, техникаи кӯҳканӣ, маҳсулоти санъати нассоҷӣ, мебел, молҳои электротехникӣ, кимиёӣ, доруворӣ, нуриҳои минералӣ, техникаи хона, молҳои саноатҳои ғизоӣ, сабук,  коркарди чӯб, мошинсозӣ, кишоварзӣ ворид мешаванд.

Аз Тоҷикистон ба Русия асосан нахи пахта, пашм, мева, алюминий ва тухмии равған содир мегардад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?