Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетПарвандаи ҷиноёти ҷангии Исроил ба додгоҳи байналмилалӣ меравад

Парвандаи ҷиноёти ҷангии Исроил ба додгоҳи байналмилалӣ меравад

Давлати Фаластин барои ирсоли парвандаи ҷиноятҳои ҷангии Исроил ба додгоҳи байналмилалӣ дархост кард.

Риёз Мансур, намояндаи доимии Фаластин дар Созмони милали муттаҳид дар гуфтугӯ бо радиои “Садои Фаластин” эълом кард, ки барои ирсоли парвандаи ҷиноёти ҷангии Исроил ба додгоҳи байналмилалӣ расман дархост кардаанд.

Мансур ҳамчунин изҳор дошт, ки Шӯрои амнияти Созмони милал имшаб бо ташкили ҷаласае ҷиноёти Исроил ва ҳифозати байналмилалӣ аз фаластиниҳоро мавриди баҳс қарор хоҳад дод.

Давлати Фаластин дар пайи ҳамалоти Исроил алайҳи фаластинён хостор «баргузории ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти Созмони милал, узвияти ин кишвар дар ожонсҳои байналмилалӣ, иҷрои тасмимҳои иттихозшуда дар Шӯрои миллии Фаластин ва барои маҳдудияти равобит бо Исроил ташкили кумитаи муташаккили аъзои кумитаи марказӣ ва ҳайати иҷроии Созмон озодибахши Фаластин ва аъзои давлат» шуда буд.

Гуфтнаӣ аст даҳҳо ҳазор фаластинӣ тайи ду рӯзи гузашта дар тазоҳуроти миллионии “бозгашт” алайҳи интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Қудси шарқӣ ва ҳафтодумин солгарди Рӯз накбат ширкат карданд.

Ҳамзамон бо Рӯзи накбат ва иҷроӣ шудани дастури Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико мабнӣ бар интиқоли сафорати ин кишвар ба Қудс, бар асари ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба ширкаткунандагон дар тазоҳуроти мусоламатомез 61 фаластинӣ шаҳид ва беш аз 2 ҳазору 770 нафари дигар низ захмӣ шудаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?