Human Rights Watch дар гузоришаш гуфтааст, ки дар ҷараёни омодагиҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол, мақомоти Русия ҳуқуқи муҳоҷирони кориро нақз кардаанд.
Аз ҷумла ҳалокати 21 коргар бинобар риоя нашудани техникаи бехатарӣ аз тарафи корфармоён, пардохт нашудани маош, беш аз соати муқарраршуда ва дар ҳавои хунук кор фармудани коргарон ва ғайра.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи намояндагии вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, «дар 11 минтақае, ки объектҳои футбол сохта шуд, аз номи шаҳрвандони тоҷик ба мо дар мавриди напардохти музди меҳнат ягон шикоят ворид нашудааст.»
Паём аз мудофеъони ҳуқуқи муҳоҷирин пурсид ки оё ба шумо шикояте дар ин маврид ворид шудааст? Ва худо Шумо аз нақзи кадом ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар сохтмони иншоот барои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон иттило доред?
Каримҷон Ёров, роҳбари созмони ЭТМОС: Бале, дар сохтмони варзишгоҳи Лужники бисёре аз муҳоҷирон бе маош монданд. Онҳо барои кӯмак ба мо муроҷиат карданд ва вақте мо барои ҳали масъала рафтем, масъулини сохтмон гуфтанд, ки фармоишгари фаръӣ (субподрядчик) пулро надодааст. Дар ҳоле, ки тибқи маълумоти мо фармоишгари кул (генподрядчик) пулро пурра гузаронида буд.
Дар Лужники яке аз давраҳои нимфиналӣ баргузор мешавад. Бинобар надоштани шартномаи корӣ аксари муҳоҷироне, ки дар ин сохтмон кор карданд, маблағашонро натавонистанд гиранд. Ва ин маблағ ҳудуди 4,5 миллион буд.
Тибқи маълумоте, ки мо дорем, ин гуна ҳодисаҳо (нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар сохтмонҳои қаҳрамонии ҷаҳон ва пардохт нашудани пулҳои онҳо) дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва калининград ҳам буд. Кор то ҷое расид, ки дар бӯй гирифтани варзишгоҳи Зенит пеш аз Ҷоми конфедератсия тоҷиконро гунаҳкор карданд. Гӯё ин бӯи пешоби тоҷикон аст, ки ба ҳоҷатхона нарафта, онҷо пешоб кардаанд. Ва ин ҷавоби расмии Русия ба ФИФА буд. Ҳоло Ҷоми ҷаҳонии футбол як дарди саре барои муҳоҷирон шудааст. Хушбахтона як сабукӣ ҳам дода шуд — мӯҳлати бақайдгириро, ки як рӯз буд, се рӯз карданд.
Гап сари он ки ин кумита дар сурати доштани ҳуҷҷат ёри мерасонаду тамом. Чун бисёри муҳоҷирон шартномаи корӣ ё иҷозатномаи корӣ надоранд ба онҳо муроҷиат намекунанд. Накмояндагии Кумитаи муҳоҷират аслан ҳуқуқи ба ин корҳо дахолаткуниро надорад, ягон статуси муайян надоранд дар Русия.
Мешавад гуфт аз назари қонун ғайриқонунӣ мебошанд. Лекин гап сари ин ки агар муҳоҷир тамоми ҳуҷҷатҳоро дошта бошад онҳо чи лозим мешаванд? Дар сурати пардохт накардани маблағ ба Кумитаи тафтишотӣ ва инспексияи меҳнатӣ, додгоҳу додситонӣ метавонанд муроҷиат кунанд.
Бахтовар Ҷумаев, ҳомии ҳуқуқ ва корманди Ҷамъияти ҳуқуқи инсон: Шикоятхо дар бораи пардохт накардани музди меҳнат хеле зиёданд ва ин мавзӯъи дардноки мухочирон аст. На танҳо дар сохтмонҳои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, балки ин гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ҳамеша ва дар ҳама соҳаҳо вуҷуд дошт. Айни ҳол хеле афзудааст. Вақте ки раисиҷумҳури Русия ба шаҳрдори мегӯяд “бояд аз бемории тӯлкашидаи муҳоҷират халос шуд”, чиро бояд интизор шуд? Дигар чароғакхо барои пулиси Русия сабз шуд. Ҳар вақт бар сари мухоҷирон меоянд, аввалин суолашон ин аст, ки “Шумо инҷо қонунӣ ҳузур доред?”. Ҳатто вақте муҳоҷирони Ӯзбекистон дар садама фавтида буданд аввал вазъи ҳуқуқии онҳоро пурсиданд.
Сабаби муроҷиъат накардани муҳоҷирон ба намояндагии вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аввал бемасъулияти ин намояндагон аст, баъдан аксари муҳоҷирон дар бораи онҳо на хабар доранд ва на мешиносанд.
Рости, номояндагони мо ки бемасъулиятанд, мухочирон бовари ба онхо намекунанд ва хатто онхоро намешиносанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

