Tuesday, January 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетӮзбекистон тавсияи СММ оиди ҳуқуқи ҳамҷинсгароёнро рад кард

Ӯзбекистон тавсияи СММ оиди ҳуқуқи ҳамҷинсгароёнро рад кард

Баъди ирсоли гузориш миллӣ тибқи равиши хоси муқаррашуда — баррасии мавсимии универсалӣ (Universal Periodic Review, UPR) ба Шӯрои СММ оиди ҳуқуқи инсон Ӯзбекистон 212 тавсия аз ин созмон дарёфт кард. Тошканд розӣ шуд 201-тои онро иҷро кунад, аммо 11 тои дигараш “ба назар гирифта шуд”. Ҳамаи тавсияҳои радшуда ба ҳуқуқи ҳамҷинсгароён бастагӣ доштанд, навиштааст АИ “Фарғона”.

Аз ҷумла намояндагони Орҷентин, Исланд, Итолиё, Конодо, Испониё ва Уругвай ба Ӯзбекистон пешниҳод кардаанд моддаи 120-и Кодекси ҷиноии ин кишварро, ки барои алоқаи ҷинсӣ байни мардон 3 соли ҳабсро пешбинӣ кардааст, бекор кунад.  

Қаблан ҳам ду маротиба Ӯзбекситон ин тавсияҳоро рад карда буд. “Қонуни мавҷуда таърихи ҳазорсолаи Ӯзбекистонро инъикос мекунад ва мо дар ин масъала мавқеъи кишварҳои мусалмоннишинро дастгирӣ мекунем” — гуфта буд намояндаи Ӯзбекистон.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular