Tuesday, January 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетГурӯҳи тафтишотӣ: ҳавопаймои малайзиро Русия задааст

Гурӯҳи тафтишотӣ: ҳавопаймои малайзиро Русия задааст

Гурӯҳи тафтишотии муштараки таъсисёфта барои таҳқиқи ҳавопаймои малайзиягии Boeing-777, ки моҳи июли соли 2014 дар Донбаси Украина ҳадаф қарор гирифта буд, эълон кард ин ҳавопаймо аз силоҳи “Бук”-и русӣ, мутааллиқ ба горди зидимушакии 53-уми дифоъи зиддиҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳадаф қарор гирифтааст.  

Далоили ин ҳамла ҳангоми ҳисоботе, ки намояндаи ин гурӯҳ Уилберт Паулсен дар додгоҳи Гаага ироа мекард, ба намоиш гузошта шуданд.

“Мо тамоми аксу наворҳои дастрасшударо таҳқиқ кардем, ба мо муяссар шуд изи ангуштонро аз снаряде, ки ҳавопайморо зада буд, гирем. Мо ба ин назарем, ки ин снарядҳо бо онҳое, ки ба гордҳои ҳарбии Русия таъаллуқ доранд, мутобиқат мекунанд” — гуфт ӯ.

Гуфтанист, 17 июли соли 2014 дар фазои вилояти Донетски Укроин ҳавопаймои мусофирбари  Boeing-777, мутааллиқ ба «Malaysia Airlines», ки дар хати Амстердам — Куала-Лумпур дар ҳоли парвоз буд, ҳадаф қарор гирифта, суқут кард. Дар натиҷа 298 нафар, аз ҷумла кӯдакон ҷони худро аз даст доданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular