Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нет12 медали тиллои хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмиллалӣ

12 медали тиллои хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмиллалӣ

Аз 20 то 26-уми майи соли 2018 дар Донишгоҳи Амитии шаҳри Ноидаи Ҳиндустон Олимпиадаи 7-уми  байналмилалӣ байни мактаббачагон аз фанҳои математика, физика, химия ва биология баргузор гардид. Дар он дастаи миллии мактаббачагони Тоҷикистон сазовори ҷои аввал шуд.

Дар Олимпиада толибилмон аз 15 кишвари олам, аз ҷумла, аз Ҳиндустон, Тоҷикистон, Афғонистон, Индонезия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Бангладеш, Непал, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Руминия  иштирок намуданд.

Бори дуввум аст, ки Тоҷикистон дар ин олимпиадаи байналмилалӣ иштирок мекунад.  Дастаи миллии Тоҷикистон дар ин санҷиши донишу маҳорат бо 27 мактаббача иштирок намуда, 12 медали тилло ба даст овард.    Ҳамаи аъзои дастаи мо соҳиби медал (ё тилло, ё нуқра ва ё биринҷӣ) шуданд. Аз рӯи шумораи медалҳои тилло мактаббачаҳои тоҷик дар ин Олимпиадаи бонуфуз ҷои аввалро ишғол намуданд.

Дар маросими бошукӯҳи пӯшидашавии олимпиада, ки  26 май баргузор гардид, кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон  ба ҳайси меҳмон ҳузур доштанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?