Thursday, March 5, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет9 миллионумин шаҳрванд кист ва оё воқеъан 9 миллионум буд?

9 миллионумин шаҳрванд кист ва оё воқеъан 9 миллионум буд?

Чанд рӯз қабл аз таваллуди 9 миллионумин шаҳрванди Тоҷикистон расонаҳо ба таблиғи ин рӯйдод пардохтанд, ки собиқа надошт. Ин кӯдак дар Душанбе таваллуд шуд ва модараш соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ гардид.

Вале оё воқеъан ин кӯдак тасодуфан 9 миллионумин шаҳрванди Тоҷикистон шуд, ё қаблан тарҳрезӣ шуда буд? Оё маҳз дар Душанбе таваллуд шудани ин кӯдак ҳам амри тасодуф буд? Чун баъзе аз коршиносон қабл аз таваллуди кӯдак тахмин зада буданд, ки ӯ ҳатман дар Душанбе таваллуд ва соҳиби хона хоҳад шуд, то таблиғи дигаре барои Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бошад.

Расонаҳо модари ин тифлро Назира Муллоҷонова муаррифӣ карданд, ки корманди Оҷонси меҳнат ва шуғли аҳолӣ аст. Дигар ҳеҷ маълумоте дар бораи ин зан нашр нашуд.

Ба Паём муяссар шуд маълумоти бештаре дар бораи “модари хушбахти 9-миллионумин кӯдак” дастрас намояд. Назира Муллоҷонова духтари Мурод Муллоҷонов, корманди шаҳрдории Душанбе аст. Яъне падараш зердасти Рустами Эмомалӣ мебошад, ки “ҳиммат” карда ба ин зан хонаи сеҳуҷрагӣ тӯҳфа кард.

Албатта соҳиби хона шудани як корманди оддии давлатӣ ва духтари корманди давлатӣ, ки маоши чандоне ҳам надоранд, боиси хушҳолист. Чун барои харидани як чунин хона падару духтар бо маоше, ки доранд, нахӯрдаву напӯшида бояд ҳади ақал 30 сол заҳмат кашанд.

Вале ҷузъиёти дигаре ҳам ифшо шуд: Мурод Муллоҷонов ҳади ақал 5 хона дар Душанбе дорад — як панҷҳуҷрагӣ, як чорҳуҷрагӣ, як дуҳуҷрагӣ ва ду якҳуҷрагӣ. Манбаъи дигари даромади Муллоҷонов ҷуз моҳонааш маълум нест.  

Инчунин маълум шуд, бо вуҷуди соҳиби 5 хона дар Душанбе будани Муллоҷонов, ду набераи ӯ аз писари ягонааш Анвар — Мансури 13 ва Гулнозаи 10-сола бидуни сарпаноҳ ба сар мебаранд. Сабаб — падару модарашон аз ҳам ҷудо шудаанд ва Анвар Муллоҷонов зану фарзандонашонро аз хона рондааст.

Бо вуҷуди шикояту даводавҳои зиёд, модари кӯдакон натавонистааст аз Анвар на хона ва на алимент дарёфт кунад.

Дар ҳамин ҳол дақиқан 9-миллионумин шаҳрванди Тоҷикистон будани духтари Насиба Муллоҷонова ҳам шубҳаовар аст. Тибқи омори СММ ва “Ҳисобкуни аҳолии Тоҷикистон”, аҳолии кишвар дар 28-уми май, яъне ду рӯз пас аз таваллуди Насиба, 9 046 980 нафар будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 300 нафар таваллуд мешаванд. Яъне духтари Назира Муллоҷонова ҳади ақал 9 миллиону 46 ҳазорумин шаҳрванд аст.  

Ба назар мерасад Рустами Эмомалӣ боз бо як тир ду нишон зад: ҳам ба кормандаш барои кадом хидматҳояш хона тӯҳфа кард, ҳам худро назди мардум чун шаҳрдори ғамхор муаррифӣ кард.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular