Пулиси Укроин мегӯяд, Аркадий Бабченко, хабарнигори рус дар хонааш дар шаҳр Киев, пойтахти ин кишвар ҳадафи гулӯла қарор гирифта, кушта шудааст.
Бино ба гузоришҳо, Бабченкои 41 соларо ҳамсараш дар хона пайдо кард ва ӯ ҳангоми интиқол ба бемористон дар мошини ёрии таъҷилӣ даргузашт.
Бабченко баъд аз интишори навиштаҳое дар бораи суқути якҳавопаймои низомии Русия дар сол 2016 таҳдид ба марг шуд ва кишваршро тарк кард.
Ӯ қаблан ба унвони муҷрӣ дар шабакаи телевизионии ITR-и Украина кор карда буд.
Пулиси Украина дар сафҳаи фейсбукии худ даргузашти ин хабарнигорро таъйид кардааст.
Андрей Кришкиченко, раиси пулиси Киев ҳам ба расонаҳо гуфт, гумони полис ин аст, ки ӯ ба хотир «фаъолиятҳои кориаш» кушта шудааст.
Бабченко дар солҳои ахир аз Кремл интиқод мекард. Ў аз ҷумла иқдомоти Русия дар Сурия ва шарқи Украинаро маҳкум карда буд.
Ӯ дар декабри соли 2016 дар посте дар файсбук дар бораи суқути ҳавопаймои ТУ-154 дар Баҳри Сиёҳ навишт, ки дар ҳоли интиқоли гурӯҳи кори артиш Русия ба Сурия буд.
Ӯ иддао мекард, ки он пости файсбукӣ, ки дар он Русияро «мутаҷовиз» тавсиф мекард боиси таҳдиди ҷонаш ва бадрафтории давлати Русия бо ӯ шуд. Ў дар мақолае навишт, ки ин таҳдидҳо ӯро ба «тарки кишваре водошт, ки дигар дар он эҳсоси амният намекард.»
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

