Friday, January 2, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИқдомҳои эҳтимолии ҳукумат пас аз шикаст дар Варшава

Иқдомҳои эҳтимолии ҳукумат пас аз шикаст дар Варшава

Пас аз онки ҳукумат дар конфронси Варшава аз мухолифонаш шикаст хурд, ҳоло дар як ҳолати асабоният ва нороҳатӣ қарор дорад. Иқдомҳое, ки то имрӯз кард далели асабонияти шадиди режим аст. Аз ҷумла боздошти хонаводаҳои мухолифон ва чанд рӯз онҳоро дар ҷойҳои номаълум нигоҳ доштан, ташкили ба истилоҳ митингҳои амниятӣ дар пушти  хонаҳои мухолифон ва ҳатто сангборони кудаки 10 солаи Шабнам Худойдодова на танҳо далели асабоният, балки далели ваҳшонияти ин режим аст.

Аммо баъд аз онки ҳайати ҳукумат шармандавор Варшаваро тарк намуд, ҳукумат эҳтимоли зиёд ба чанд амал даст хоҳад зад.

  1. Баъзе аз наҳзатиҳоро маҷбур хоҳад кард, ки бар алайҳи ҲНИТ сухан бигуянд. Аз ҷумла эҳтимоли зиёд меравад, ки ба зуди Зарафо Раҳмонӣ, Аббос Раҷабзода, Илҳом Беков, Ҷунун  ва дигарон дар сомонаҳо ва телевизионҳо баромад намуда  фармудаҳои амниятро қироат намоянд ва ё тутивор суҳбат кунанд. Дар ин бора маълумоти таъйиднашудае ҳам ҳаст.
  2. Видеоҳое аз хонаводаҳои мухолифон нашр хоҳад шуд, ки онҳо хоҳанд гуфт аз кори фарзандонашон розӣ нестанд ва маҷбуран аз “Пешвои миллат” ҳам таърифу тамҷид хоҳанд кард.
  3. Аз тарафи дигар вазъияти зиндониёни сиёсиро бадтар намуда, дастарсии хонаводаҳоро ба онҳо маҳдуд намоянд.
  4. Мисли чанд рӯзи гузашта дар тамоми мактабу донишгоҳҳо дар бораи мухолифин нишастҳои «фаҳмондадиҳӣ» мегузаронанд. Эҳтимолан аз номи ҷавонону занони лаби обу Бобои Файз ҳам баёнияҳо нашр мекунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular