Tuesday, December 2, 2025
Место для Реклама!
HomeПаём нетСохтмони дигаре, ки буҷа ва манзараро хароб мекунад

Сохтмони дигаре, ки буҷа ва манзараро хароб мекунад

Сохтмони қасри беруназшаҳрии ҳукумат — “Пугус” дар ноҳияи Варзоб дар ҳоли анҷомёбист.

Аз оғози сохтмони беруназшаҳрии ҳукумат ҳанӯз соли 2016, замони авҷи бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ хабар дода буданд.

Гуфта мешуд, ки дар Пугуси Варзоб барои ҳукумати Тоҷикистон бинои бисёрошёнаи замонавӣ бо истифода аз сабки меъмории миллӣ, аз ҷумла кандакорӣ дар чӯб ва сангу шиша бунёд мегардад.  

Харҷи ин сохтмон эълон нашудааст, вале тибқи гуфтаи мутахассисон аз миллиард сомонӣ убур мекунад.

Акс аз моҳвора нишон медиҳад, ки чунин як бинои бисёрошёна воҷеъан дар Пугус сохта шудааст. Шоҳидон ҳам мегӯянд он дар ҳоли анҷомёбист вале дар пасманзари биноҳои якошёна манзараи минтақаро хароб кардааст.   

Ҳукумати кишвар дар ҳоле маблағҳои буҷаро ба сохтмонҳои нолозим масраф мекунад, ки 30 дарсади буҷа аз ҳисоби кӯмакҳои институтҳои молиявии байналмиллалӣ таъмин мешавад ва кишвар баъди ҳар офати хурду бузурги табиӣ аз кишвару созмонҳои хориҷӣ кӯмак металабад.

Домоди раисҷумҳур Ҷамолиддин Нуралиев бошад ба фурӯши саҳмияҳои НБО Роғун барои идомаи сохтмони он машғул аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз тақдири наздик ба 200 миллион доллари мардум, ки ба ивази саҳмия ситонида шуд, номаълум боқӣ мемонад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?