Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетВазъи саломатии Махдуми Абдусаттор дар зиндон боз бад шудааст

Вазъи саломатии Махдуми Абдусаттор дар зиндон боз бад шудааст

Махдуми Абдусаттор, яке аз 14 узви зиндонии Раёсати олии ҲНИТ дар зиндон дубора бад шуда, ба бемористон интиқол ёфтааст.

Иллати бемории ӯ ҳанӯз маълум нест, вале тибқи иттилои манбаъи Паём, ҳоло ӯ дар беморхона қарор дорад.

Моҳи ноябри соли гузашта низ Махдуми Абдусаттор дар Муассисаи ислоҳи ҷазоии рақами 1 (кирпичный) , бино бар фишори баланди хун як сактаи қалбиеро пушти сар карда буд. Он замон, вақте фишори хунаш аз ҳад зиёд баланд шуд, масъулини зиндон дар ибтидо ба вай таваҷҷуҳ накарданд, вақте аз по афтод табиби зиндонро даъват карданд, ки акнун дер шуда буд ва Махдуми Абдусаттор  дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.

Баъдан маълум шуд сабаби сактаи эшон шиканҷае бо номи будааст. Ин шиканҷа, ҳамарӯза аз соати 6 субҳ то 9 шаб давом мекунад ва дар ин муддат ҳар ду соат зиндониёни сиёсӣ ва мазҳабиро дар саҳни зиндон фаро хонда зимистон дар болои бетон дар ҳавои сард зери барфу борон ва дар тобистон зери офтоби сӯзон нигаҳ медоранд ва маҳбусонро якто — якто садо мекунанд то рафта ба навбат имзо кунанд.

Гуфтанист, ки дар сабти яке аз мурофиъаҳои маҳбусони сиёсии ҲНИТ, худи Махдуми Абдусаттор дар толори додгоҳ иқрор мекунад, ки ӯ ва ҳамсафонашро дар зиндон шиканҷа ва мавриди лату кӯб қарор додаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular