Tuesday, March 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСозмонҳои ҷамъиятӣ аз додситонӣ хостанд қоидаи нави Вазорати маорифро бекор кунад

Созмонҳои ҷамъиятӣ аз додситонӣ хостанд қоидаи нави Вазорати маорифро бекор кунад

Як гурӯҳи ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон аз Додситонии кулл тақозо карданд қоидаи нави Вазорати маориф барои сафари муҳассилин ва омӯзгорон ба хориҷаро бекор кунад. Онҳо гуфтаанд, қарори Вазорати маориф хилофи Конститутсия ва санадҳои байналмилалӣ мебошад.

Independent Center for Human Rights Protection, Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ  рӯзи 26-уми июн бо пахши як изҳорот аз Додситонии кулл хостаанд, то қарори Вазорати маориф дар бораи сафари муҳассилин ба хориҷаро бинобар «хилофи як қатор талаботҳои меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ» буданаш, бекор кунад.

Қаблан Вазорати маориф тартиби нав дар сафари хориҷии омӯзгорону донишҷӯҳо, муҳаққиқон ва профессорони тоҷик ҷорӣ кард, ки тибқи он онҳо ҳаққ надоранд, бе иҷозаи мақомот ба сафари хидматӣ ва ё таҳсил ба хориҷа раванд.

Муаллифони ин изҳорот гуфтаанд, дар қарори Вазорати маориф, талаботи як қатор меъёрҳои қонунгузории миллӣ, аз ҷумла моддаи 24-и Конститутсияи Тоҷикистон нақз шудааст. Ин модда муқаррар мекунад, ки «шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он, ҳуқуқ дорад.»

Ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ қарори Вазорати маорифро “мухолиф ба муқаррароти Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ” хондаанд.

«Боиси қайд аст, ки қоидаҳои мазкур метавонанд монеаи озодии академӣ, рушди алоқаҳои байналхалқии академӣ, омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ, созиши ҳамкорӣ ва мубодилаи озоди дониш гарданд. Ҳуҷҷати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон метавонад барои иҷрои авлавиятҳои мазкур тавассути ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои барзиёд, монеаҳо эҷод кунад. Хусусияти иҷозатдиҳии ҳар гуна сафар, инчунин, метавонад шароитҳои мусоидро барои коррупсия фароҳам орад, зеро он шахсоне, ки системаи маорифро таҳия мекунанд, ки равандҳои қабули қарорро барои баромадан муайян мекунанд»,-омадааст дар изҳороти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular