Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСӯхтор дар Истаравшан раисҷумҳур ва муҳофизонашро батаҳлука афканд

Сӯхтор дар Истаравшан раисҷумҳур ва муҳофизонашро батаҳлука афканд

Сӯхторе, ки дирӯз аснои сафари Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан рух дод раисҷумҳури Тоҷикистон ва муҳофизонашро осемасар кард.

Қарор буд раисҷумҳур дар кушодашавии маҷмаъаи фарҳангии Қалъаи Муғ соати 20.00 ширкат кунад, вале соати тақрибан 19.00 дар корхонаи сохти аробаҳои кӯдакона сӯхтори бузурге оғоз шуд. Дуду оташи ин сӯхтор аз тамоми гӯшаву канори шаҳр дида мешуд.

Манбаъи Паём мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аз ин сӯхтор сахт ба таҳлука афтод ва ба муҳофизонаш амр кард онро санҷанд. То аз ҷои сӯхтор дидан кардану асли масъаларо ба раисҷумҳур расонидани муҳофизон, ӯ бисёр мушавваш ба назар мерасид. Танҳо баъди муайян кардани асли қазия раисҷумҳур ба Қалъаи Муғ раҳсипор шуд.

Корхонаи сохти аробаҳои кӯдакона ҳамагӣ ду километр дуртар аз Қалъаи Муғ қарор дорад ва дуди сӯхтори он то дер аз онҷо мушоҳида мешуд.

Қалъаи Муғ, маҷмаъаи навбунёди фарҳангӣ қабл аз кушодашавиаш ба баҳси расонаӣ роҳ ёфта буд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гузориш дода буданд, ки барои сохтмони ин маҷмаъа аз тамоми кормандони буҷавӣ, тоҷирон ва соҳибкорон маблағ ҷамъоварӣ мекунанд.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular