Monday, March 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЗанозании гурӯҳии тоҷикону ӯзбекон дар Петербург

Занозании гурӯҳии тоҷикону ӯзбекон дар Петербург

Дар як занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷик ва ӯзбек беш аз сад нафар бо сангу калтак ва арматур ширкат кардаанд, ки дар натиҷа 2 нафар захмӣ ва 26 нафар боздошт шудаанд.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, дар як майдони сохтмоние дар шаҳри Санкт-Петербург байни муҳоҷирон занозании гурӯҳӣ сар зад.

Дар он ҳудуди сад нафар бо истифода аз калтаку сангу арматур ширкат карданд, аммо то расидани пулис ин хархаша тамом ва пароканда шуд. Дар натиҷаи он як шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон ва як муҳоҷири 37-солаи узбек ҷароҳат бардошта, бистарӣ шудаанд.

Пулис 30 аз ширкаткунандагони занозаниро дастгир кардааст, ки 26 нафари онҳо  шаҳрвандони Узбекистон ва ду нафараш аз Тоҷикистон мебошанд. Нисбати 19 боздоштшуда бо иттиҳоми вайрон кардани қавонини муҳоҷират протоколи маъмурӣ тартиб дода, 11 нафари дигарро ба авбошӣ айбдор кардаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular