Thursday, January 1, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОҷил! “Ихтиёриён”-и ҳукуматӣ назди хонаи Сайидумар Ҳусайнӣ ҷамъ шудаанд (Акс)

Оҷил! “Ихтиёриён”-и ҳукуматӣ назди хонаи Сайидумар Ҳусайнӣ ҷамъ шудаанд (Акс)

Як манбаи мо иттило медиҳад, ки чанд нафар донишҷӯёну мактаббачагон назди хонаи ҷонишини аввали раиси ҲНИТ ҷамъ омада шиорпартоӣ мекунанд.

“Нест бод Кабирӣ”, “Хоинони миллат” ва дигар шиорҳое, ки онҳо мепартоянд дар варақчае навита шудааст, ки онҳо гоҳ гоҳ нигоҳ мекунанд.

Манбаъ мегӯяд теъдоди муҳофизони амниятӣ аз теъдоди «ихтиёриён» зиёд аст, бинобар шароити акси зиёд
гирифтан ғайриимкон аст.  У афзуд:

 Худи донишҷӯён сахт аз ин кор норозиянд ва аз гуфтугӯи байниҳамдигариашон шунида мешавад, ки мегӯянд “моро куҷо оварданд, мо дигар кор надорем акнун? Раҳпулӣ надорем, боз маҷбур мекунанд ба ин қадар ҷо биёем.” Раҳгузароне, ки аз онҷо мегузаранд, ба онҳо мегӯянд, ки “э шумо дигар кор надоред? Равед дарсатонро хонед”.

Бо гумони ғолиб ин “иқдом”-и “ихтиёриён” ҷавоб ба ширкати Муҳаммадиқбол Хусайнӣ, фарзанди калонии Сайидумар Ҳусайнӣ дар тазоҳуроти мухолифин ва ҷаласаи САҲА дар Варшава аст.

Дирӯз гурӯҳе аз донишҷӯёни донишгоҳи Кӯлоб назди хонаи Шабнам Худойдодова ҷамъ шуда шиорпартоӣ карда буданд. Онҳо ҳатто кӯшиш намуданд дарвозаи хонаи Шабнамро шикананд ва ба хонаи ӯ сангпартоӣ карданд.

Хонаводаи ҳамаи онҳое, ки дар тазоҳурот ва ҷаласаи Варшава ширкат крадаанд ва онҳое, ки дар ширкат кардан гумонбар шудаанд, зери фишори сахти равонӣ ва ҷисмонии мақомоти Тоҷикистон қарор доранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular