Кумитаи оид бар корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳиран вазифаи асосиашро дар мубориза бо мухолифини давлати Тоҷикистон мебинад. Ё давлат аз ин кумита чун силоҳ алайҳи мухолифонаш истифода мебарад.
Ҳар нафаре ба сомонаи расмии ин ниҳод сар зад, агар ба номи он таваҷҷӯҳ накард, чунин пиндор барояш даст медиҳад, ки ин сомонаи таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон алайҳи мухолифони сиёсии давлат аст. Шумо метавонед шахсан ин корро тақриба кунед.
Дар ҳоле, ки умури динии мардум ва расму оин ҳаррӯза ба даҳҳо маслиҳат ва дастгирии ин кумита ниёз дорад, масъулини он вақти худро бештар ба мақоланависӣ алайҳи мухолифини кишвар сарф мекунанд.
Аз 7 мақолаи саҳифаи аввали ин сомона 6-тояш пурра ва 1-тояш қисман алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон навишта шудаанд:
1. Мақолаи раиси Шӯрои уламои кишвар Саидмукаррам Абдуқодирзода таҳти унвони “Салоқату хиёнат оштинопазиранд”. Муллои расмии рақами аввали кишвар дар ин навиштааш кӯшидааст даъвои Эмомалӣ Раҳмон мабнӣ бар ин, ки давлат сулҳро на бо ҲНИТ, балки ИНОТ кардааст, либоси ҳақиқат пӯшонад. “Мақола” асосан иқтибоси суханронии раисҷумҳур аст, ба ҷуз ду-се ҷумла ки Абдуқодирзода чун шарҳ илова кардаааст: Ин посухи Пешвои миллат даъвои подарҳавои онҳоеро инкор мекунад, ки сулҳу ваҳдати миллиро ба чанде аз хоинону бадхоҳони миллат нисбат медиҳанд. Агар ҳизби наҳзат ҷонибдори ваҳдату ҳамбастагӣ мебуд, ба ҳеҷ ваҷҳ муқобили арзишҳои милливу давлатӣ намебаромад ва сиёсати зиддимиллиро пеш намегирифт.
Ва шарҳи мафҳуми “ваҳдат” аз нигоҳи эшон: Аз нигоҳи дини мубини ислом ваҳдат бузургтарин неъмати илоҳист. Неъмате, ки сарчашмаи ҳама некиҳову хубиҳо ва саодати инсонҳост. Ислом дар зоти худ парокандагиро намехоҳад ва онро бузургтарин нуқсони зиндагии ҷомеа меҳисобад.
2. “Мақола”-и Ҷамолиддин Хомӯшов, сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломӣ таҳти унвони “Дар ҳошияи сузанронии пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодом”. Навиштаи “мутахассиси фатво” аз раисаш фарқи чандоне надорад ва эшон вобаста ба тахассусашон ҳеҷ фатвое ҳам содир накардаанд, ба ҷузъ воҷибияти дуъо дар ҳақи “ваҳдати миллӣ”: Аҳли ҷомеа, ба хусус ашхосе, ки соҳибтаҷриба ҳастанд ва рӯзҳои талхро чашидаанд, вазифаи инсонии онҳост, ки аз сулҳу субот ҷонибдорӣ карда, ба ҷавонон неъмати сулҳу субот ва зарари кинаву кудуратро фаҳмонанд, ҳамагон дуо кунанд, ки ин тинҷию оромӣ, пешрафту тараққиёт ва ободии кишвар доимӣ бошад, аз Худованди Маннон талаб кунанд, ки ин сулҳи тоҷикон ва ваҳдати миллиро устувор ва маҳкам поянда дорад ва аз шарри бадхоҳон ва фитнаангезону тафриқагарон, мазҳабфурӯшону душманон кишвари азизамонро нигоҳ дорад.
3. Бознашри мақолаи “машҳур”-и ходими калони илмии Академияи илмҳои ҶТ Нозим Нуров, ки корабарони шабакаи иҷтимоӣ ба ӯ лақаби “номзади илмҳои ангуштаришиносӣ”-ро додаанд, таҳти унвони “Оё шиъа шудани наҳзатиҳо тӯҳмат аст?…
4. Мақолаи Маъруф Шонасурдинов, мудири бахши таҳсилоти динии Кумита зери унвони “Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ”. Ин навишта ягона мавод дар саҳифаи аввали сомоани Кумитаи дин аст, ки мустақиман ба ҲНИТ рабт надошта, танҳо қисман ба он иртибот дода шудааст.
5. Мақолаи Наҷмидин Салимов, и.в. Сармуҳаррири маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”. Ӯ навори баромади Эшони Қиёмиддинро, ки мақомоти кишвар пахш карда буданд, шарҳ дода “собит” кардааст, ки Эшон рост гуфтааст.
6. Навиштаи Нигора Раҳматуллоева, корманди идораи маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” — “ин миллат дигар ҳуқуқи маънавии фиреб хӯрданро надорад”, ки ҳамагӣ аз як абзатс иборат аст ва ба ҳамон навори Эшони Қиёмиддин бахшида шудааст.
7. Навиштаи Икром Бегалиев, сармутахассиси Кумита “Шунидан кай бувад монанди дидан” ҳам ба ҳамон навор бахшида шудааст. Ду нафари охир даъво доранд, ки навор “чашми мардумро кушодааст” ва ҳама фаҳмидаанд, ки ҲНИТ чӣ ҳадаф доштааст.
Саҳифаи дуввуми ин сомона ҳам ба ҷуз як навишта бо унвони аз шӯравӣ мондаи «Нашъамандӣ — вабои аср» пурра ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

