Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯк шаҳрванди Олмон муовини вазири рушди фанноварии Ӯзбекистон шуд

Як шаҳрванди Олмон муовини вазири рушди фанноварии Ӯзбекистон шуд

Бо фармони Шавкат Мирзиёев, вазири рушди фанноварии Ӯзбекистон як шаҳрванди олмониро ба унвони муовини ин вазоратхона мансуб кард.

Бар асоси гузоришҳо, Карстен Ҳайнз шаҳрванди олмонӣ ба унвони муовини вазири рушди фановарии Ӯзбекистон таъин шудааст.

Мақомоти давлати Ӯзбекистон боло будани таҷрибаи Ҳайнз дар умури фанновариро далели таъин шудани вай ба ин симати муҳим унвон кардаанд. Онҳо изҳори умедворӣ кардаанд ки битавонанд дар оянда дар зерсохтҳои ин кишвар аз таҷрибаи Ҳайнз истифода кунанд.

Ҳайннз то замони расиданаш ба вазифаи ҷонишини вазири рушди фанноварӣ дар Ӯзбекистон, дар вазорати фановарии Олмон машғули кор будааст.

Ин шаҳрванди олмонӣ дуввумин хориҷӣ дар давлати Ӯзбекистон аст. Қаблан ба унвони муовини вазири рушди фанноварӣ дар соҳаи иттилоот ва иртиботот Ким Ним Аск, шаҳрванди Кореяи ҷанубӣ ба кор оғоз карда буд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular