Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШумори қурбониёни инфиҷорҳои Покистон ба 132 нафар расид

Шумори қурбониёни инфиҷорҳои Покистон ба 132 нафар расид

Шумори қурбониёни инфиҷорҳо дар шаҳрҳои Муставанг ва Банну дар аёлати Балуҷистони Покистон ба 132 расида ва шумори захмиҳо низ ба 230 нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Покистон, шумори қурбониёни инфиҷорҳо дар маҳалли баргузории митингҳои интихоботӣ дар шаҳрҳои Муставанг ва Банну дар аёлати Балучистони ин кишвар, ки дар миёни онҳо Навобзода Сироҷ Рисонӣ, номзади интихоботи Ҳизби авоми Балучистон (BAP) низ ба чашм мехӯрд, ба 132 нафар расида ва шумори захмиҳо низ ба 230 нафар афзоиш ёфтааст.

Навобзода Сироҷ Рисонӣ, бародари Аслам Рисонӣ нахуствазири пешини аёлати Балучистон буда ва номзади Ҳизби авоми Балучистон аст. Ў дар соли 2011 писари чаҳордаҳсолаашро дар як ҳамлаи террористӣ аз даст дода буд.

Гурӯҳи террористии Доъиш масъулияти ҳамла ба шаҳри Муставангро бар ӯҳда гирифтааст.

Дар ҳамин росто як инфиҷори дигар ҳангоми баргузории митинги интихоботии ҳизби ҷамъияти уламои ислом (JUI-F) дар минтақаи Банну рух дод ва дар он 4 нафар кушта ва 32 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Акрамхон Дарронӣ, вазири собиқи Покистон ва аз раҳбарони ҳизби мазкур аз ин ҳамла ҷон солим ба дар бурд.

Аз аввали моҳи ҷорӣ то кунун шумори инфиҷорҳо дар маҳалли баргузории митингҳо ва мақари аҳзоб дар Покистон ба 6 инфиҷор расидааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular