Қарор аст фардо, 15 июл ҳамоиши тоҷикони бурунмарзӣ дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор гардад. Оғози ҳамоиш соати 11 ба вақти Олмон муқарра шудааст.
Ин нишаст ба муносибати 21 солагии имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон баргузор мегардад ва қарор аст дастовард ва оқибатҳои имзои ин сзишнома низ баррасӣ шавад.
Тибқи иттилои дастандаркорони ҳамоиш, ба он намояндагони тоҷик аз гӯшаву канори дунё, новобаста аз мавқеъи сиёсӣ, гароиши мазҳабӣ ва макони будубош, даъват шудаанд.
Соли гузашта низ дар Дортмунд чунин ҳамоише баргузор гашта буд.
Бархе расонаҳо, ба хусус расонаҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон аз эҳтимоли ташкил шудани эътилофи нави мухолифин ё ИНОТ-2 дар ин ҳамоиш сухан мекунанд, аммо баргузоркунандагони он мегӯянд чунин чизе ба нақша гирифта нашудааст.
Дар ҳамин ҳол эҳтимоли сари эътилоф сурат гирифтани баҳсҳоро баъид намедонанд.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар сӯҳбат бо Паём гуфт: Пас аз ҳамоиш, мизи гирде дар мавзӯи «Ояндаи Тоҷикистон: Ҳокимияти хонаводагӣ ё демократияи миллӣ» баргузор мешавад. Қарор аст коршиносони тоҷик ва фаъолони сиёси аз гурӯҳҳои мухолифин ва шахсиятҳои мустақил ин мавзуъро баҳсу баррасӣ кунанд. Вақте масъали ояндаи Точикистон аст, бешак суҳбат дар мавриди ҳамкориҳо ва фаъолиятҳои муштарак низ сурат хоҳад гирифт.
Сайидюнуси Истаравшанӣ, узви Шӯрои раҳбарии АОТ низ навишт: Албатта, таъсиси эътилофи бузурги мухолифон, дар барномаи кори опозисиюн дар оянда ҳаст, дар ин ҳеч шакке нест, аммо феълан ҳеч тараф — на ҲНИТ, на Анҷумани Озодандешони Тоҷик, на Гурӯҳи 24, на Ҷунбиши ислоҳот, на Ҷунбиши муҳоҷирон ва на ҳеч як аз гурӯҳҳои мухолиф – ин авохир изҳор надоштаанд, ки қарор аст ин эътилоф дар Дортмунд, яъне дар ҳамоиши фардо, таъсис ва эълон хоҳад шуд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

