Monday, March 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФарқи себаробарии воридоту содирот дар Тоҷикистон

Фарқи себаробарии воридоту содирот дар Тоҷикистон

Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта   $353 миллион ё 20 дарсад бештар аст.

Тибқи асноди омор, маблағи молҳои содиротшуда  $528,3 миллионро ташкил додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 15,3% ё $70,2 млн бештар мебошад.

Воридот бошад  беш аз $1,5 миллиардро ташкил дод, ки 22,7%  $283,1 млн. бештар нисбат ба нимсолаи аввали соли 2017 аст. Бо назардошти ин арқом, таъодули тиҷории Тоҷикистон манфӣ ва воридот аз содирот қариб се баробар бештар буд. Бо рақам беш аз 1 миллиард доллари ИМА.

Қаблан Тоҷикистон ҳам сабаби якбора боло рафтани қурби долларро дар кишвар ба ҳамин нишондиҳанда нисбат дода буд.

Шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон дар январ — июни соли 2018 Русия бо $470 млн., Қазоқистон бо $416 млн., Чин бо $316 млн. ва Узбекистон бо $128 млн.будаанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular