Tuesday, March 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБетаваҷҷӯҳии мақомот ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдо

Бетаваҷҷӯҳии мақомот ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдо

Тобути Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки аз тарафи як шаҳрванди 27 солаи рус таҷовуз ва кушта шуда буд, ба Душанбе расид. Вале на мақомот ва на намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба пешвозаш нарафтанд.

Танҳо наздикони Ҳувайдо ва як-ду рӯзноманигор буданд, ки ба пешвози тобут баромаданд ва танҳо садои гиряи модари ӯ буд, ки аз дур шунида мешуд. Дар ҳоле, ки мақоми баландпояе — ҳади ақал вазире ё шаҳрдори Душанбе ба пешвози ҷанозаи ин тифли маъсум мебаромаданд, ҳатто як намояндаи кӯчаки мақомот дида нашуд.

Тибқи иттилои манбаъи Паём, ҳамроҳ бо тобути Ҳувайдо боз панҷ тобути дигар ба Тоҷикистон омад. Шуморе, ки ҳатто замони ҷанг дида намешавад.

Одатан дар ҳар кишваре чунин ҳодиса боиси ба майдонҳо рехтани мардум ё ҳадди ақал назди сафорати кишваре, ки дар онҷо тифл таҷовуз ё кушта шуд мегашт, аммо на мақомоти Тоҷикистон ва на ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба кушта шудани Ҳувайдои маъсум вокуниши назаррасе накарданд.   

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди ду рӯзи ҳодиса, вақте дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадо дар болраи хомӯшии мақомот баланд шуд, нотаи эътирозӣ ба Русия фиристон ва дархостӣ ҷазои муносиб ба қотил шуд.

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон ҳам ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба ин қазия накарданд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, агар баръакс ққотил марди тоҷику мақтулу духтарчаи рус мебуд, расонаҳои русӣ — чӣ давлативу чӣ хусусӣ гӯши ҷаҳонро кар мекарданд.

Ҳувайдо, ки бо волидонаш дар шаҳри Серпухови Русия мезист, шоми 22 июл нопадид шуд. Субҳи рӯзи дигар ҷасади дар борхалтаи варзишӣ рӯи роҳи оҳан пайдо шуд. Мақомоти тафтишотии Русия баъди чанд соати пайдо шудани ҷасад қотилро дастгир карданд. Ӯ махлуқе бо номи Александр Семин будааст, ки дар ҳамсоягии Ҳувайдо зиндагӣ мекард.

Бархе расонаҳои русӣ аллакай даъво доранд, ки Семин касалии рӯҳӣ аст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular