Tuesday, March 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Сартароши қайчизан” дар маҳбас фавтид

“Сартароши қайчизан” дар маҳбас фавтид

Умед Тешаев маҳбусе, ки соли 2014 сардори зиндони Кӯлобро дар утоқи корияш бо 18 зарби қайчӣ кушта буд, дар маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа фавтид.

Сабабҳои марги ин маҳбус ҳануз равшан нест, вале шиканҷа ва куштор дар зиндонҳои Тоҷикистон ба як кори маъмулӣ табдил шудааст ва эҳтимоли ин,ки Тешаев низ бар асари шиканҷа фавтида бошад, кам нест.
Қарор аст рузи 28 июл уро дар шаҳри Кулоб ба хок супоранд.

Умед Тешаев, соли 2013 мардеро дар шаҳри Кулоб бо 54 зарби корд ба қатл расонида буд ва моҳи августи ҳамон сол бо ҷурми куштор ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуд ва ҳамаги баъд аз шаш моҳ 16 феврали соли 2014 уро  дар қатли сардори маҳбаси шаҳри Кулоб гунаҳкор карданд ва ба ҳукми абад маҳкум намуданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular