Wednesday, March 18, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲамла ба сайёҳон дар Данғараро ДОИШ ба дӯш гирифт

Ҳамла ба сайёҳон дар Данғараро ДОИШ ба дӯш гирифт

Гурӯҳи террористии ДОИШ ҳамла ба сайёҳон дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифтааст. Дар сомонаи ин гурӯҳ омадааст, ки сарбозони ин гурӯҳ аз салибиён қасос гирифтаанд.

Бо гузориши хабаргузории Рейтерс ва Спутник бо такя ба хабаргузории расмии ДОИШ, ин гурӯҳ куштори Данғараро ба дӯш гирифтааст. Дар баёнияи ДОИШ омада, ки сарбозони ин гурӯҳ ба “ба хотири қасао аз салибиён дар ҷануби Тоҷикистон ба онҳо бо корд ҳамла карданд ва 4 нафарро кушта, 4 нафари дигарро захмӣ карданд”.

Ин гурӯҳ ҳамчунин таҳдид кардааст, ки “оянда барояшон бадтар хоҳад шуд”, аммо тасреҳ накарда, ки барои ғарбиён ё Тоҷикистон.

Дар як ҳамла бо мошини сабукрав ба сайёҳони дучархасавор дар ҷамоъати Себистони ноҳияи Данғара, 4 сайёҳ кушта ва се нафари дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз фарзияи аслии ин кушторро эълон накарда, гузинаи садамаро низ таҳқиқ  мекунанд.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular