Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСилсилаи тазоҳурот бо талаби раҳоии Ҳамза дар Аврупо оғоз шуд (аксҳо)

Силсилаи тазоҳурот бо талаби раҳоии Ҳамза дар Аврупо оғоз шуд (аксҳо)

Бо талаби раҳо кардани Ҳамза Тиллозода ва фиристоданаш барои табобат ба хориҷ тазоҳурот дар шаҳри Вилнюси Литва оғоз шуд. Дар назар аст, баъди Литва дар Лаҳистон, Утриш ва кишварҳои дигар ҳам оғоз шавад.

Дар тазоҳуроти Вилнюс ҳудуди бист нафар ширкат доштанд, ки дар даст аксҳои Ҳамза Тиллозодаро бардошта буданд.  Ин пикет дар гурӯҳи фейсбукии Паёми мардум мустақиман пахш шуд. Дар назар аст пикетҳо дар шаҳрҳои дигар низ аз тариқи гурӯҳи Паёми мардум мустақиман дар фейсбук пахш шавад.

Дар тазоҳуроти Вилнюс Сулаймон Давлатов, Илҳомҷон Ёқубов ва Бобоҷон Қайюмов баромад карданд ва Шоҳнаими Карим дар охир изҳороти тазоҳургаронро қироат кард. Гуфта шуд, ки ин изҳорот ба тамоми намояндагиҳои созмонҳои ҳуқуқи башар ва байналмиллалӣ дар Литва супорида мешавад. 

Тазоҳургарон раҳоии билофосилаи Ҳамзаро талаб карданд.

Ҳамза Тиллозода, писари Рӯҳуллоҳ Тиллозода ва набераи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба бемории саратон гирифтор аст ва табибони тоҷик аз табобаташ оҷиз мондаанд, аммо мақомот ба модараш иҷоза намедиҳанд ӯро барои табобат ба берун аз кишвар баранд.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular