Хадамоти гумрукии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳеҷ маҳдудияте барои ворид кардани маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ вуҷуд надорад. танҳо маҳдудияте, ки ҳаст ҳаҷми бори воридшаванда аст, ки дар сурати бештар аз ҳаҷми муайяншуда буданаш, бояд бо декларатсия ва пардохти боҷи гумрукӣ ворид гардад.
Хуршед Каримзода, ноиби раҳбари Хадамоти гумрукӣ имрӯз, 2 август дар нишасти матбуотиаш гуфт “ягон хел маҳдудият барои ворид кардани бор, аз ҷумла маҳсулоти хӯрока ба Тоҷикистон аз Ӯзбекистон нест. Тибқи қоидаҳои гумрукӣ, як ҳаҷми муайяне ҳаст, ки бе пур кардани декларатсия ворид карда мешавад, агар бор аз ин ҳаҷм зиёд бошад, бояд бо расмиятбахшӣ дар гумрук ворид карда шавад”.
Қаблан Тоҷикстандарт воридоти тухми мурғро аз Ӯзбекистон манъ карда буд. Раҳбари Хадамоти гумрук низ тасдиқ кард, ки аз воридоти тухми мурғ пешгирӣ карда мешавад, аммо ба далели надоштани сертификати сифат ва риоя нашудани қоидаи интиқол: “Маҳсулоте, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд, роҳ дода намешаванд. Чунин ҳолатҳоро мо дар гузаргоҳи “Дӯстӣ” мушоҳида кардем. Ба сарҳад тухми зиёдро оварда зери офтоб нигоҳ медоштанд ва бо кӯмаки онҳое, ки аз сарҳад мегузаштанд, 5-10 қуттигӣ ба Тоҷикистон ворид мекарданд. Дар ҳамин ҳол сертификат надоштанд. Мо ба хотири ҳифзи саломатии шаҳрвандон ин тухмҳоро мусодира кардем. Дар умум то имрӯз мо 435 ҳазор дона тухме ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, мусодира кардем” — гуфт Каримзода.
Каримзода ҳамчунин гуфт, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон ҳар нафар метавонад бо худ 50 кило бор ворид кунад, аммо қимати он набояд бештар аз 1000 доллари ИМА бошад. Дар сурати бештар будан аз он, бояд бо расмиёти гумрукӣ ворид крада шавад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

