Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТасвиби буҷаи 717 миллиард долларии Пентагон дар маҷлиси Сенои Амрико

Тасвиби буҷаи 717 миллиард долларии Пентагон дар маҷлиси Сенои Амрико

Маҷлиси Сенои Амрико буҷаи 717 миллиард долларии вазорати дифоъи ин кишварро барои соли молиявии 2019 тасвиб кард.

Сенои Амрико буҷаи 717 миллиард долларии вазорати дифоъи ин кишвар (Пентагон)-ро барои соли молиявии 2019 бо 87 раъйи мувофиқ дар баробари 10 раъйи мухолиф тасвиб кард.

Ин буҷа шомили 639 миллиарду сад миллион доллар буҷаи аслӣ, 8.9 миллиард доллар барои вазорати энерҷӣ ва масорифи иҷборӣ ва ҳамчунин 69 миллиард доллар барои буҷаи амалиёти хориҷӣ аст.

Пентагон бо интишори баёнияе зимни эъломи хурсандии Ҷеймс Меттис, вазири дифоъи Амрико аз тасвиби буҷа, аз афзоиши тақрибии 15 ҳазору 600 нафарии теъдоди сарбозони ин кишвар дар пайи тасвиб ин қонун хабар дод.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular