Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет“Визаи абрешимӣ” —дарвозаи ягонаи Осиёи Марказӣ

“Визаи абрешимӣ” —дарвозаи ягонаи Осиёи Марказӣ

Ӯзбекистону Қазоқистон дар садади роҳандозии визаи ягона барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо номи “Визаи абрешимӣ” ҳастанд. Дар ин бора нашрияи ӯзбекии “Халқ сӯзи” иттило медиҳад.

Кумитаи умури  байналмилал, алоқаи иқтисодии хориҷӣ, гардишгарӣ ва сармоягузории хориҷии Сенои Ӯзбекистон тасдиқ кард, ки Тошканду Остона расман ба баррасии ин масъала машғуланд.

Дар палатаи болоии парлумони Ӯзбекистон мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекситон ҳам таваҷҷӯҳи хосе ба ин масъала зоҳир кардаанд.

Вакилони ӯзбекистонӣ мӯътақиданд, ки роҳандозии “визаи абрешимӣ” (“Silk road visa”) бани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба афзоиши сафи гардишгарон дар минтақа кӯмак хоҳад кард.

Дар Тоҷикистон ҳам ин масъала борҳо бардошта шудааст, аммо ҳанӯз танҳо дар сатҳи коршиносон. Коршиноси тоҷик Абдуғанӣ Маҳмадазимов дар як мақолааш ба Азия Плюс навишта буд, ки “визаи абрешимӣ” бояд намунаи визаи шенген дар минтақа бошад.

Ӯ пешниҳод карда буд ин визаи ягонае бошад ва хориҷие, ки онро аз ҳар кишвари ОМ дарёфт кард, тавонад бидуни визаи иловагӣ ба кишварҳои дигари минтақа низ сафар кунад.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular