Бори аввал аз аввали апрел, қурби рубли русӣ нисбат ба доллар марзи 65 рублро убур кард. Таҳримҳои нави Амрико нисбати Русия қурби пули ин кишварро сарозекр кард.
Барекорди якунимсола, ки қурби рубл аввали апрел расида буд, ҳамагӣ 1 копейк нарасид. Соати 15.50 дирӯз қурби рубл то 65.047 ба як доллари ИМА поён фаромад. Аммо якуним соат пас қисмате аз мавқеъашро баргадонд ва дар 64,72 қарор гирифт.
Барои имрӯз ҳам ҳамин қурб муайян шудааст.
Қурби евро ҳам ба 75 рубл расид, ки нисбат ба нишондиҳандаи 1 рӯз қабл 1,4 рубл бештар аст.
Субҳи имрӯз ҳам баъди оғози савдо дар биржаҳо рубли русӣ ба лағжишаш идома дод ва соати 10:13 ба 66,65 рубл барои як доллар расид. Евро то 77,25 боло рафт. Аммо баъди ним соат рубл каме мавқеъашро баргардонд ва дар сатҳи 66,125 рубл барои як доллар қарор гирифт.
Ин нишондиҳанда баландтарин аз ноябри соли 2016 то ин замон аст.
По состоянию на 10:13 мск курсы доллара и евро прибавили уже более чем по рублю по сравнению с уровнем предыдущего закрытия. Так, курс доллара составил 66,65, курс евро — 77,25 рубля.
Через полчаса курс доллара снизился до 66,125 рубля, прибавив только 58 копеек по сравнению с уровнем предыдущего закрытия. Курс евро к этому времени вновь вернулся под отметку 77 рублей и составил 76,5675 рубля (прибавив 44 копейки).
Подробнее:
Ҳафати гуҳашта гурӯҳи сенаторҳои амрикоӣ аз Ҳизби ҷумҳурихоньон тарҳи қонунеро пешниҳод карданд, ки ташдиди таҳримҳо ба Русаро бинобар дахолаташ ба интихоботи Амрико ва амалиёташ дар Сурияву Укроин пешбинӣ мекард. Ин тарҳи қонун ҳанӯз аз тарафи Кунгура қабул ва аз тарафи Доналд Трамп имзо нашада, таъсираш ба иқтисоди Русия оғоз гардидааст.
Таҳримҳои нав ба бахши энергетикӣ ва воридоти уран аз Русия нигаронида шуда, ҳамчунин фаъолияти олигархҳои ин кишварро маҳдуд мекунад. Вале динайти бештарро пешниҳоди манъи хариди қарзҳои давлатии Русия ва ташдиди таҳрим алайҳи бонкҳои ин кишвар Сбербанк, ВТБ, Газпромбанк, Росселхозбанк, Внешэкономбанк ва Промсвязбанк ҷалб кард.
Пешбинӣ мешавад, ки дар сурати қабул шудани ин пешниҳоди сенаторҳо, қурби рубл то 73 рубл нисбати 1 доллар поён меравад.
Имрӯз маълум шуд саҳмияҳои ВТБ ва Сбербанк бо шиддат қимати худро аз даст медиҳанд.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

