Saturday, March 21, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбонро эълон кард

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбонро эълон кард

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як қарор 21-уми августро рӯзи Иди Қурбон эълон кард.

Дар қарори маҷлиси Шӯрои уламо, ки имрӯз 14-август баргузор шудааст омадааст “мувофиқи ҳисоби илмӣ оид ба руъяти ҳилол иди саъиди Қурбон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми августи соли 2018 фаро мерасад.

Вақти баргузории намози идро дар кишвар Шӯрои уламо соати 6.30 эълон кардааст. 

Бо ин қарор ҳамчунин имомхатибон муваззаф гардидаанд дар мавъизаҳояшон диққати мардумро ба расонидани кӯмак ба ятимону бепарастон, танзими идгардаки кӯдакон ва зери назорат қарор додани онҳо, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ҷалб намоянд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular