Маркази миллии тестӣ мегўяд, ки дар даври дуюми тақсимоти такрорӣ, ки аз 19-ум то 22-юми август доир мегардад, 11 ҳазор ҷойи холӣ барои довталабон пешниҳод шудааст.
Дар даври аввали тақсимот зиёда аз 15 ҳазор довталаб ба даври дуюми тақсимот тавсия шуда буданд.
Дар тақсимоти аввал, ки 3-юми августи соли ҷорӣ сурат гирифта буд, 74 дарсади довталабон роҳ ёфта буданд, ки аз ин 98 дарсад ба бахши буҷетӣ ва 78 дарсад ба бахши шартномавӣ буданд.
Маркази миллии тестӣ дар сомонаи худ, шарҳ додааст, ки «довталабоне, ки дар озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардаашон ба ин ё он муассисаи таълимӣ гузашта буданд, инчунин довталабоне, ки холҳои гузаришро аз як ё якчанд субтест соҳиб нагардида, ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳ наёфта буданд, дар озмуни тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирок надоранд.»
Довталабоне, ки дар тақсимоти такрорӣ иштирок мекунанд, бояд аз нав дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз қайд гузаранд.Нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кўлоб, Қўрғонтеппа, Истаравшан ва Хорўғ таъсис дода шудаанд ва нишонаи онҳо дар сомонаи ММТ ёддошт шудааст.
Барои аз нав бақайдгирӣ довталабро зарур аст, ки дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ, 20 сомонӣ пардохт намуда, расид (квитансия), шиноснома ва варақаи бақайдгириашро ба бақайдгиранда пешниҳод намояд.
Қабули маблағҳо барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ бевосита дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ба роҳ монда шуда, ятимони кулл ва бепарасторон аз пардохти маблағ озоданд. Аз нав бақайдгирӣ аз 19 ум то 22 юми август баргузор шуда, натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон доир мегардад, 26 уми август эълон карда мешаванд.
Мувофиқи тартиби тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 юми июли соли 2016, № 11/17 тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ихтисосҳое баргузор карда мешавад, ки дар онҳо баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, инчунин бинобар сари вақт барои аз қайди муассисаи таълимӣ гузаштан, ҳозир нашудан ё аз таҳсил даст кашидани довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ комёбгардида ҷойи холӣ мондааст.
Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегарданд, дар сомонаи Марказ ҷойгир карда мешавад.