Tuesday, March 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Тоҷикистон то ҳол расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ масдуд боқӣ мондаанд

Дар Тоҷикистон то ҳол расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ масдуд боқӣ мондаанд

Давоми ду ҳафтаи охир сойти агентии хабарии “Азия-Плюс”, шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Твиттер ва шакли компютерии паёмакрасони  Whatsapp — web.whatsapp.com масдуд боқӣ мемонанд.

Ҳамчунин қисме аз сойтҳои қулфшикан, ки корбарони интернет тавассути онҳо садҳоро убур мекарданд, масдуд гардидаанд.

Тамоми расонаҳои мухолиф ва озоде ҳам, ки дар хориҷ қарор доранд кайҳо дар Тоҷикистон дастрас нестанд. Аз ҷумла Паём, Ахбор, Тоҷинфо, Озодандешон ва ғайра.

Гуфтанист, ки бори аввал аст Хадамоти алоқа паёмакрасонҳо ва сойтҳоро бидуни иштироки ширкатҳои интернетрасон масдуд мекунад. Қаблан барои ин кор Хадамоти алоқа ширкатҳои интернетрасонро маҷбур мекард.

Як сол қабл Хадамоти алоқа бо баҳонаи амнияти иттилоъотӣ тамоми ширкатҳои интернетрасонро аз мустақиман харидани интернет ва бастани шартнома бо интернетрасонҳои хориҷӣ маҳрум кард.

“Тоҷиктелеком”- ширкате, ки ба қудои раисҷумҳур Бег Сабурӣ таъаллуқ дорад, ба мустақиман харидани интернет аз Қирғизистону Қазоқистон  ва фурӯхтани он ба ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон оғоз кард.

Ҳамин тавр Бег Сабурӣ на танҳо бозори алоқаро монополия кард, инчунин имкон пайдо намуд сойтҳои интернетиро бе ширкати ҷониби саввум масдуд кунад.

Дар ҳамин ҳол бо гузашти 2 ҳафта Хадамоти алоқа шарҳ надодааст, ки чаро сойтҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро масдуд кардааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular