Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПулҳои Гулнора Каримова ба Ӯзбекистон бармегарданд

Пулҳои Гулнора Каримова ба Ӯзбекистон бармегарданд

Додгоҳи федеролии Суис қарори Додситонии федеролии ин кишварро мабнӣ бар ҳабси беш аз 700 миллион доллари Гулнора Каримова қонунӣ ҳисобид ва ҳукм кард ин пулҳо ба Ӯзбекистон баргардонида шаванд.

Додгоҳ шикояти вакили дифоъи духтари раисҷумҳури собиқи Ӯзбекистон Гулнора Каримоваро, ки алайҳи қарори додситонӣ ба додгоҳ бурда буд рад кард.

Дар асоси баёноти ду шахси боэътимоди Гулнора Каримова — Гаяне Авакян ва Рустам Мадумаров, ки гуфтанд пулҳои Каримова бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст омадаанд, додситонии Суис 22 майи соли ҷорӣ қарор кард, 687,7 миллион франк пулҳои мусодирашудаи Каримова ба Тошканд баргардонида шавад. Дар умум дар бонкҳои Женева ва Сюрих 800 миллион франки Каримова ҳабс шудаанд.

Дар Ӯзбекистон Гулнора Каримова бо ҷурми саркашӣ аз пардохти андоз, сохтакории ҳуҷҷат, тамаъҷуӣ ва дуздӣ ба 5 соли зиндон маҳкум гардидааст.

Қарори додгоҳи Суис рӯзи 31 июл содир шудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular