Friday, March 20, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБоз Бег. Хадамоти алоқа пешниҳод кардаст андоз аз истифодаи телефон ҷорӣ шавад

Боз Бег. Хадамоти алоқа пешниҳод кардаст андоз аз истифодаи телефон ҷорӣ шавад

Барои камтар кардани истифодаи телефони мобилӣ аз тарафи шаҳрвандон дар ҳаёти рӯзмарра, бинобар зараровар буданаш ба саломатӣ, Хадамоти алоқа пешниҳод кардааст андоз аз истифодаи телефон ҷорӣ карда шавад.

Пеш аз ҳама, IMEI-рақами ҳар як телефони дастии воридшаванда ба Тоҷикистон бояд ба қайд гирифта шавад. Муҳим нест ин телефон барои истифодаи шахсӣ ворид карда шудааст ё барои фурӯш — воридкунанда муваззаф аст IMEI-рақами онро ба қайд монад.  

Дар сурати ба қайд гирифта нашудани  IMEI-рақами телефон, симкортҳои тоҷикӣ дар он кор намекунанд. Ин таҷриба ҳоло дар Туркия истифода мешавад. Тибқи маълумоте, ки дастраси Паём шуд, бақайдгирии  IMEI-рақам дар Тоҷикистон $50-ро ташкил хоҳад дод.

Ҳамчунин Хадамоти зиддиинҳисорӣ масъалаи ҷорӣ кардани андоз аз истифодаи телефонро ба баррасӣ гирифтааст. Маблағе, ки Хадамоти алоқа барои он пешниҳод кардааст, 10 долларро ташкил медиҳад. Шояд ин андоз ба тадриҷ аз суратҳисоби муштарӣ гирифта шавад, то андозсупоранда онро сахт эҳсос накунад.

Интизор меравад ин навоварӣ аз аввали соли 2019 ба иҷро дарояд.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular