Wednesday, March 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШиркатҳои мобилӣ хостори дарозкунии мӯҳлати қайди симкортҳо шуданд (Навор)

Ширкатҳои мобилӣ хостори дарозкунии мӯҳлати қайди симкортҳо шуданд (Навор)

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз Хадамоти алоқа ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ хостаанд фурӯши симкортҳо бо нархи навро ба қафо партоянд. Тибқи қарори Хадамоти алоқа симкортҳо аз фардо пулакӣ мешаванд.

Чаҳор ширкати мобилии Тоҷикистон «Тcell», «ТТ-Мобайл», «Вавилон-Мобайл» и «Таком» бо ирсоли як нома аз ин ду Хадамот хостаанд замони оғози фурӯши смикортҳои пулакиро ба моҳи ноябр гузаронанд. Ширкатҳо гуфтаанд натавонистаанд ҳуҷҷатҳои худро барои симкортҳои пулакӣ омода кунанд.

Ҳанӯз Хадамоти алоқа ва Хадмоти зиддиинҳисорӣ ба ин дархости ширкатҳои мобилӣ посух надодаанд, вале ширкатҳо интизор доранд то бегоҳ посухашонро дарёфт кунанд.

Муштариёни ширкатҳои мобилӣ даҳ рӯзи охир ба намояндагиҳои ширкатҳои мобилӣ сарозер шудаанд, то тавонанд то замони пулакӣ шудани симкортҳо, талаботи Хадамоти алоқаро иҷро кунанд. Хадамоти алоқа талаб дорад нафароне, ки аз симкортҳои номнавис шуда ба шахси дигар истифода мекунанд, онро ба номи худашон гардонанд.

Дар ҳамин ҳол фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ аз мардум хостаанд ба ин қарор на итоат, балки муқобилият кунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ фардо, 31 августро рӯзи таҳрими симкортҳои Тоҷикистон эълон кардаанд ва аз мардум даъват шудааст дар ин рӯз аз истифодаи симкортҳо худдорӣ кунанд.

МО РОЗӢ НЕСТЕМ 250. !!!МЫ НЕ СОГЛАСНЫ 250. !!!

Posted by on Tuesday, August 28, 2018

Ҳамчунин ду фарохон — яке бо и бекор кардани қарори пулакӣ кардани симкорт ва истеъфои Бег Сабурӣ ва дигаре бо талаб аз Ҳукумати Тоҷикистон ба ба худсариҳои ниҳоду ширкатҳои давлатӣ ва сӯиистифодаи афроди манфиатхоҳ, пеш аз ҳама Раиси Хадамоти алоқаи кишвар Бек Сабур, роҳандозӣ шудааст.

 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular