Sunday, October 26, 2025
ADS
HomeПаём нетВокуниши Созмон милал ба қатъи кӯмакҳои молии Амрико ба оворагони фаластинӣ

Вокуниши Созмон милал ба қатъи кӯмакҳои молии Амрико ба оворагони фаластинӣ

Сухангӯи дабири кулли Созмон милали муттаҳид аз таваққуфи кӯмакҳои молии Амрико ба ожонси имдод ва кори ин созмон барои оворагони фаластинӣ дар Ховари наздик, ибрози таассуф кард.

Стефон Дюжорик, сухангӯи дабири кулли Созмон милали муттаҳид бо интишори баёнияе аз тарафи Антониу Гутераш, дабири кулли ин созмон, таваққуфи кӯмакҳои молии ИМА ба Ожонси имдод ва кори Созмон милали муттаҳид барои оворагони фаластинӣ дар Ховар наздик UNRWA-ро тааcсуфбор донист.

Дар ин баёния бо ишора ба таъмини ниёзҳои аввалияи паноҳҷуён тавассути ин ниҳод омадааст: кӯмакҳои Амрико ба ин ожонс тайи солҳои гузашта ризоятбахш буд.  Дюжорик бо ишора ба талошҳои Пер Каренбол, комиссари аршади UNRWA барои муқобила бо бӯҳрони молии мавҷуд, изҳор дошт: Каренбол бо афзоиши теъдоди хайрияҳо, мизони қобили таваҷҷуҳи ҳимояти молии ҷадиди таъмин ва тадобири ҷадиде дар ростои афзоиш боздеҳӣ ва коҳиши махориҷ ин ниҳод иттихоз кардааст.

Дар поёни ин баёния бо ишора ба ниёзи фаврии оворагони фаластинӣ ба хадамоти омӯзишӣ, беҳдоштӣ ва ғайра, соири кишварҳои ҷаҳон ба ироаи кумакҳои молӣ ба ин ниҳод фаро хонда шуданд.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?