Saturday, October 25, 2025
ADS
HomeПаём нетҶунайдуллоҳ Худоёров ва Раҷабалӣ Комилов —ду асири нави озодии сухан

Ҷунайдуллоҳ Худоёров ва Раҷабалӣ Комилов —ду асири нави озодии сухан

Ду ҳукми ахири расонаишудаи додгоҳҳо бори дигар собит кард, ки мақомоти Тоҷикистон камтарин озодиеро ба сухан дар кишвар қоил нестанд ва ҳар касе садо баланд кард садояшро паси деворҳои зиндон хоҳанд шунид.

Албатта агар дар дастрасии мақомот қарор гирифту боздошташ карданд. Вале агар мақомот натавонистанд дастгираш кунанд, ҳанӯз ба ин маънӣ нест, ки наҷот ёфтааст. Ҷазоро ба ҷои ӯ метавонанд ба яке аз наздиконаш бор кунанд.

Мисли Раҷабалӣ Комилов. Ӯ ҳарчанд замоне узв ва ҳатто мсъули ҲНИТ буд, 16 сол қабл тарки сиёсат кардаву аз кишвар рафта буд. Вале ҳарчанд худаш хомӯш буд, бародараш Ҷаннатуллоҳ садо баланд мекард. Ва чун Ҷаннатуллоҳ дар дастрасии мақомот қарор надорад, акааш Раҷабалӣ мақкум ба ҷазо барои “гуноҳ”-и ӯ шуд.

Иттиҳоме ҳам, ки ба Раҷабалӣ Комилов бастаанд хандаовар аст: убури ғайриқонунии

сарҳад байни солҳои 1992-1998. 20-25 сол қабл! Дар ҳоле, ки агар ӯ ҳатто чунин ҷиноятеро муртакиб шудааст, бо гузашти се сол аз ҷавобгарӣ озод мешавад.

Агар Ҷаннатуллоҳи комил зидди сиёсатҳои режими Тоҷикистон мадо баланд мекунад ва яке аз маъулини ҳизбест. ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон онро террористӣ эълон кардааст,  Ҷунайдуллоҳ Худоёров танҳо зидди қонуншиканони як ноҳияи хурди кӯҳистонӣ садо баланд карда буд.

Ҷунайдуллоҳ як блогнависи сатҳи маҳаллӣ буд, ки аз камбудиҳо дар маҳали зисташ менавишт. Вале ба 5 сол маҳкум гардидани ӯ собит кард, ки дар Тоҷикистон дигар ҳатто зидди ҳокими як ноҳия садо баланд кардан метавонад сабаби барои солҳо аз озодӣ маҳрум шудан гардад.   

Агар бо озод кардани Хайрулло Мирсаидов, ҳарчанд зери фишори созмону кишварҳо, дар остонаи конфронси САҲА оид ба ҳуқуқи инсон, мақомоти Тоҷикистон далели кӯчаке ба даст оварда буданд. ки бо озодии сухан то ҷое эҳтиром қоиланд, бо ин ҳукумҳо ду далели қавие алайҳи худ омода карданд.

Ин ду ҳукм собит кард, ки Тоҷикистон ба озодии сухан ҳеҷ ҷое  дар сиёсаташ қоил нест.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?